Ҷараёни такмили ихтисоси кормандони дастгоҳи судҳои вилояти Суғд

Бо ташаббуси Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 июни соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд барои кормандони дастгоҳи судҳои вилояти Суғд, Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд ва Суди иқтисодии вилояти Суғд семинари такмили ихтисос оғоз гардида, он тибқи нақшаи тасдиқгардида то санаи 12 июни соли 2026 давом меёбад.

Дар рафти семинар масъалаҳои мубрами фаъолияти мақомоти судӣ, такмили донишҳои касбии назариявӣ ва амалиявӣ, татбиқи дурусти меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби дурусти пешбурди коргузории судӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти судҳо ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти касбии кормандони дастгоҳи судҳо мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор дода шуданд.

Иштирокчиёни семинар доир ба навгониҳои қонунгузорӣ, таҷрибаи судӣ, тартиби иҷрои санадҳои судӣ, риояи меъёрҳои ахлоқи хизматчии давлатӣ ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти дастгоҳи судҳо маълумоти муфид гирифтанд. Ҳамчунин, дар ҷараёни машғулиятҳо байни иштирокчиён ва омӯзгорон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.

Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии кормандони дастгоҳи судҳо, таъмини иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва таҳкими низоми адолати судӣ аҳамияти муҳим дорад.