ҶАШНИ ФАРХУНДАИ МИЛЛАТ
Аслан калимаи «Истиқлол» маънои озод будан, озод шудан, озодӣ ба даст даровардан ва ғайраро ифода менамояд. Аз ин рӯ, Истиқлолият озодӣ ё ба озодӣ расиданро мефаҳмонад. Халқи тоҷик, ки асрҳо боз дар зери фишори мардуми ғайр зиндагӣ мекард, соли 1991 ба озодӣ расид, яъне истиқлолияти худро пас аз давлати пуршукӯҳи Сомониён дубора ба даст овард.
Истиқлолият ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои кулии тоҷикистониён маҳсуб меёбад. Соҳиб шудан ба истиқлолият бо роҳи осоишта ба амал омад, ки ин падидаи беҳтарин дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ буд.
Ҳақ ба ҷониби Сарвари хирадманду адолатгустари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки истиқлолияту ваҳдатро ҳамчун номаи тақдири миллат, омили рушди босуботи мамлакат, кафилии иқболу саодати халқу ҷамъият тафсир кардаанд.
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба мазмуни ягонаи халқи тоҷик, якдилию якмаромии шаҳрвандони кишвар, иттиҳоди тоҷикони ҷаҳон бори аввал дар суханрониҳои Пешвои миллат ва осори арзишманди эшон мавриди истифода қарор гирифт.
Агар бунёди давлати миллӣ яке аз арзишмандтарин дастовардҳои мо, тоҷикон, дар замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёбад, пас ваҳдати комили миллӣ ҳамчун кишвари сулҳофарин ва тарғибгари сулҳ эътироф шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди дигари замони соҳибистиқлоли мост.
Созмони Милали Муттаҳид формулаи сулҳи тоҷиконро эътироф намуда, баҳои баланд дод ва дар кишварҳои ҷангзада истифода кардани онро ҳангоми низоъҳои дохилӣ ба манфитаи кишварҳои донист. Бояд ёдовар шуд, ки муҳимтарин шарти Истиқлолияти давлатӣ ваҳдати миллӣ буда, пояи боэътимоди тавоноӣ ва шикастнопазирии он ба шумор меравад.
Давлати мо бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон 35 — солагии Истиқлолияти худро ҷашн хҳад гирфт, яъне он ниҳоли соли 1991 шинонидашуда 35 — сола мешавад ва мебинед, ки тамоми шохаҳои он мустаҳкаму устувор ва пуриқтидор гаштаанд.
Ашурзода Нурулло Абдувосит,
судяи суди вилояти Суғд
Суди вилояти Суғд 