Фазилати неки инсонӣ
Сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмиву ҳамгироӣ яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор рафта, василаи пешрафту тараққиёти кишварҳои мутараққии ҷаҳонӣ аст. Маҳз сулҳу ваҳдати бобақо ба кишвари азизи мо низ ободиву осоиштагӣ, якдиливу ҳамгироӣ ва созандагиву ободкориро эҳдо намуд.
Санаи 25 июни соли 2026 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид имзо гардидани боз як пешниҳоди кишвари мо-Тоҷикистон мардумро хеле шодмон намуд. Бале, қабул гардидани Қатънома зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” тамоми сокинони кишварро шоду мамнун сохт. Ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон, қатъи ҷангҳо дар кураи замин ва идомаи зиндагии осоишта ба хотири наслҳои оянда дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории ҳамаи кишварҳои олам қабул гардид.
Воқеан, ин санади муҳими байналмилалӣ бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори таҳкими ҳамориҳои созанда эътироф шудааст.
Кишвари офтобии мо арзиши сулҳу ваҳдатро бо таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ дарк намуда, имрӯз яке аз ҷонибдорони фаъоли ташаббусҳои сулҳпарварона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Шоёни зикр аст, ки дар Қатъномаи мазкур омӯхтани таҷрибаҳои миллии сулҳофаринӣ ҳамчун манбаи арзишманди илҳомбахшӣ барои наслҳои имрӯзу оянда муҳим арзёбӣ мегардад. Ин барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихор аст. Зеро ин нуқта омӯхтани таҷрибаи сулҳи тоҷиконро низ таъкид менамояд.
Ин пешниҳоди Садри муаззами миллат аз он далолат медиҳад, ки бояд ҳар як миллату давлат ба қадри сулҳу салоҳ расад, баҳри дар ҷаҳон пойдор гардидани сулҳ ҳиссаи сазовори худро гузорад. Дар ҳақиқат имрӯз мо бояд сулҳу ваҳдат, дӯстиву ягонагиро дар вуҷуди фарзандони худ, дар оилаи худ тарбия намоем. Насли ояндаи кишварҳои ҷаҳон бояд дарк кунанд, ки сулҳу салоҳ чӣ қадар азизу ҷанг даҳшатнок аст. Дарк кунанд, ки сулҳ ин масъулият аст, сулҳ ҳамдигарфаҳмиву ободкорист. Сулҳ созандагиву ҳамгироист.
Завқиддин БОБОКАЛОНЗОДА,
судяи Суди вилояти Суғд
Суди вилояти Суғд 