МАҶЛИСИ КОРӢ
Санаи 27 октябри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, дар навбати худ Раиси суд оиди лоиҳаҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи татбиқ намудани санадҳои маъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва
ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба табъиз”, “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, “Оид ба хусусияти татбиқи қонунгузорӣ марбут ба ҷиноятҳои ноболиғон ва чораҳои таъсиррасонии алтернативӣ нисбати онҳо”, “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 26 июни соли 2009 таҳти №21”,“Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба одамкушӣ”, “Дар бораи татбиқи қонунгузории ҷиноятӣ марбут ба таъини ҷазодар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ”, “Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ, бо истифода аз шабакаҳои электронӣ, иттилоотию телекомуникатсионӣ ё интерет”,“Оид ба масъалаҳои ҷуброни зиён ва товони зарари маънавӣ, ки бо ҷиноятҳои марбут ба истифодаи шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф расонида шудааст” баромад карда, қайд намуд, ки лоиҳаи Қарори Пленум Суди Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пурра мавриди омӯзиш карор дода шавад.
Инчунин Раиси суд қайд намуданд, ки муовинони Раиси суд ва судяҳоро зарур аст, ки ҳар як лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олиро пурра ва ҳаматарафа мавриди оӯзиш қарор дода, таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Илова бар ин, Раиси суд бо навбат муовинони раиси суд ва судяҳои суди вилоятро барои баромад намудан вобаста ба лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дод.

Аз ҷониби муовини Раиси суд Зарифӣ Ф.Н. лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, муовини Раиси суд Раҳматиллозода М. лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба масъалаҳои ҷуброни зиён ва товони зарари маънавӣ, ки бо ҷиноятҳои марбут ба истифодаи шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф расонида шудааст”, судя Бобоҷонзода Б.
лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба хусусияти татбиқи қонунгузорӣ марбут ба ҷиноятҳои ноболиғон ва чораҳои таъсиррасонии алтернативӣ нисбати онҳо”, судя Искандарзод А.И. лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи татбиқ
намудани санадҳои маъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба табъиз”, судя Мирасилзода А.А. лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 26 июни соли 2009 таҳти №21”, судя Набизода Н.Ҳ. лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи татбиқи қонунгузории ҷиноятӣ марбут ба таъини
ҷазодар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ” ва судя Аҳмадзода Ф лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ, бо истифода аз шабакаҳои электронӣ, иттилоотию телекомуникатсионӣ ё интерет” хонда дода шуд ва дар баромадҳояшон қайд намуданд, ки лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва таклифҳояшонро дар шаклӣ хаттӣ пешниҳод менамоянд.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.
Суди вилояти Суғд 