МАҶЛИСИ КОРӢ
Санаи 24 августи соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, аз ҷониби Раиси суд супоришҳои хаттии муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳолати иҷрои далелҳои шайъӣ воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо хонда дода шуда, қайд карда шуд, ки аз рӯи рӯйхат вобаста ба нобуд кардани далелҳои шайъӣ дар судҳои зикршуда варақаи иҷро навишта нашуда, тақдири далелҳои шайъӣ ва несту нобуд кардани онҳо бе иҷро мондааст, ки масъалаи мазкур дар машғулияти семинарии навбатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз рӯи рӯйхат ба раисони судҳои дахлдор супориш дода шуда, вобаста ба иҷрои далелҳои шайъӣ маълумотнома тартиб дода, дар муҳлатҳои муқаррар гардида пешниҳод намоянд.
Суди вилояти Суғд 