Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 01 сентябри соли 2026 дар толори Суди вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси суд вобаста ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад.

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Баъдан сухан ба судяҳои суди вилояти Суғд Мирасилзода А. ва Раҷабзода М., дода шуд. Судяҳо дар баромадҳои худ аҳамияти ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар пешрафти давлат ва зарурати ҳифзу таҳкими ин дастовардро таъкид намуданд.

Дар охир аз ҷониби Раиси суд кормандони дастгоҳи суди вилояти Суғд, барои бенуқсон амалӣ намудани фаъолият ва софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, иштироки фаъолонаву самарабахш дар корҳои ҷамъиятӣ бахшида ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Бо ҳамин маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид.