МУСОИДАТ БА ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар ҷаҳони имрӯза таҳкими сулҳ ба як зарурати ҳаётан муҳим табдил ёфтааст, зеро афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои экологӣ ва нобаробариҳои иҷтимоиву иқтисодӣ вазъи ҷаҳонро басо мураккаб гардонидааст. Масъалаи мазкур на танҳо барои насли ҳозира, балки барои ояндаи инсоният низ аҳамияти бузург касб кардааст. Дар ин радиф пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ба Созмони Милали Муттаҳид (СММ) нақши калидӣ дорад.
Ин ташаббус, ки дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ (24 сентябри 2024) эълон шуд, далели раднопазири уҳдадории Тоҷикистон ба сиёсати сулҳҷӯёна ва таъмини ояндаи бехатари аҳли башар аст. Ин ҷо месазад, суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 24 сентябри соли 2025 ёдо вар шавем, ки чунин таъкид намуданд: «Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатй мебошад. Мо бояд талошҳои худро дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва фарогир дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ дучанд тақвият бахшем…
Воқеан ҳам, сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри 1994 қабул гардида ва бо тағйироти солҳои 1999, 2003 ва 2016 такмил ёфтааст, ба таври дақиқ инъикос шудааст. Аз ҷумла, моддаи 11 эълон мекунад, ки «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром мекунад» ва «ташвиқоти ҷанг»-ро манъ мекунад…
Ин меъёр нишон медиҳад, ки таъмини сулҳ ва суботи иҷтимоӣ дар сатҳи конститутсионӣ ҳадафи давлат буда, бо ҳадафҳои ташаббуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» барои пешгирии низоъҳо ва рушди устувор мувофиқ аст.
Махсус таъкид карданием, ки нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ дар дохил ва хориҷи кишвар дар заминаи салоҳиятҳои конститутсионии ӯ ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Моддаи 69 ба ӯ ҳуқуқ медиҳад, ки «самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян кунад» ва «Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ намояд». Ин аст, ки Пешниҳоди қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ ва Ҳамоиши Ояндаи СММ самараи мустақими ин салоҳияти Роҳбари олимақоми давлат аст. Бешак ин ташаббус чун «иқдоми қаҳрамонона дар арсаи ҷаҳонӣ» тавсиф шудааст, ки мақому мартабаи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурдааст.
ҲАМАГОН хуб медонем, ки шахсияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили кишвар чун сарвари таъминкунандаи сулҳ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) нақши калидӣ бозидааст. Аниқтараш, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни 1997) як ҳуҷҷати ҳуқуқии муваффақ буд, ки низои дохилиро хотима бахшид ва суботу оромиро эҳё кард. Боиси ифтихору сарбаландист, ки ин таҷриба ҳамчун «модели сулҳи тоҷикон» дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Бисёре аз давлатҳо дар барқарор кардани сулҳ дар мамлакати худ аз модели сулҳи тоҷикон истифода мебаранд. Заҳматҳои ин шахсияти нодири таърихӣ — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври сазовору арзанда қадршиносӣ шудааст. Далели ин гуфтаҳо муқаррароти моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015 № 1259 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бун- ёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳиб ихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад».
ҚАТЪНОМАИ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ба таълиму тарбияи сулҳ ва ҷалби ҷавонон ба раванди бунёди сулҳ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Ин бо моддаи 41-и Конститутсия, ки таҳсилро ҳамчун ҳуқуқи ҳар шахсе эътироф мекунад, мувофиқ аст. Ҷавонон бояд фаҳмиши амиқи сулҳ ва роҳҳои ҳалли низоъро омӯзанд, ки ин яке аз ҳадафҳои асо- сии Қатънома аст. Ин таъкид бо моддаи 5 (дахлно- пазирии ҳуқуқи инсон) ва моддаи 34 (ҳимояи кӯдакон) низ пайвандӣ дорад, зеро ҳифзи ҷавонон аз ҷалб ба низоъҳо ва таъмини амнияти онҳо дар меҳвари ташаббус қарор дорад.
Дар ниҳоят метавон гуфт, ки Қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда, бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқ аст. Зеро, моддаи 1-и Оинномаи СММ (1945) «нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ»-ро ҳамчун ҳадафи асосии созмон муайян мекунад, дар ҳоле ки моддаи 33 давлатҳоро ба ҳалли мусолиматомези низоъҳо даъват менамояд. СММ дар ҳифзи сулҳ нақши роҳбариро дорад ва Қатънома ба «таъмини амният ва пешгирии муноқишаҳо» нигаронида шудааст.
Суҳроб РУШАНЗОДА,
раиси Суди вилояти Суғд
Суди вилояти Суғд 