Нақшаи кории Суди вилояти Суғд

Нақшаи кории Суди вилояти Суғд

НАҚШАИ
кории суди вилояти Суғд
дар нимсолаи дуюми соли 2018

Номгӯи чорабиниҳо Мӯҳлати иҷроиш Шахсони масъул
1. Ҷамъбасти фаъолияти суди вилояти дар нимсолаи якуми соли 2018 ва тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 июн Раис, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят
2. Баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии судяҳо, судяи суди шаҳри  Панҷакент Муҳаммадзода Р., судяи суди шаҳри Конибодом Ҷуразода Х., судяи суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. ва судяи суди шаҳри Конибодом Раҳматуллозода Б. ба суди вилояти Суғд барои таҷрибаомӯзи ба мӯҳлати 10 рӯзи даъват карда шаванд. дар нимсолаи дуюм Муовинон ва судяҳои минтақаҳо вобаста шудаи суди вилоят
3. Ҷамъбастии таҷрибаи судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба терроризм ва экстремизм, ки дар давраи нимсолаи якуми соли 2018 баррасӣ гардидаанд. сентябр Муовини якуми Раис Мирзозода М., судяҳо Шерзода Ҷ., Обидиён Ш., Раҳимзода И. ва котиби коллегияи ҷиноятӣ
4. Ҷамъбастии таҷрибаи судӣ бо парвандаҳои оилавӣ вобаста ба кам кардани синни никоҳӣ, ки дар нимсолаи якуми соли 2018 баррасӣ шудаанд. октябр Муовини Раис Латифзода М., судяҳо Аҳмадзода Ф., Сатторзода Х., Назарзода Ҳ. ва котиби коллегияи оилавӣ
5. Санҷиши фаъолияти судҳои шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Ашт ва Спитамен оид ба амал баровардани адолати судӣ ва муҳокима намудани натиҷаи он дар Раёсати суди вилоят сентябр Роҳбарият ва судяҳои суди вилоят
6. Ҷамъбастии таҷрибаи судӣ доир ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба бе иҷозатнома фаъолият намудан (моддаи 510   КҲМ ҶТ), ки дар нимсолаи якуми соли 2018 баррасӣ гардидаанд. октябр Судяҳо Раҳматзода И., Қурбониён С. ва котиби коллегияи маъмурӣ
7. Дар мӯҳлатҳои муқараргардида таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Раис ва Муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муқаррар шуда Раис, муовинон ва сардори Раёсат Мирзоев А.
8. Аз рӯи мавзӯҳои муҳим ва натиҷаи баррасии парвандаҳо бо судяҳои суди вилоят, судяҳои суди шаҳру ноҳияҳо «Оиди баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи дониш», машғулияти семинарӣ гузаронида шавад. аз рӯи махсус ҳар моҳ Раис, муовинон ва судяҳои вилоят
9. Тавассуси воситаҳои ахбори омма ва баргузор намудани вохӯриву сӯҳбатҳо бо аҳолии кишвар ба роҳ мондани омӯзиши дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бармеояд. мунтазам Раис, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят
10. Санҷиши пешбурди фаъолияти дафтархонаи умумӣ, коллегияҳо ва Раёсати суди вилояти Суғд дар асоси Дастурамал «Оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ноябр Муовини якуми раис Мирзозода М., судяҳо Шарифзода Б. С.М., Назарзода Х., сардори Раёсат Мирзоев А.
11. Расонидани ёрии амалӣ ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва санҷиши фаъолият ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ аз ҷониби судяҳои ба минтақаҳо вобаста шуда ва пешниҳоди маълумотномаҳо оид ба таҳлили фаъолияти судҳои дахлдор мунтазам Муовинон ва судяҳои суди вилоят
12. Зери назорати қатъӣ қарор додани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, ҳолати истифодабарии нерӯи барқ, об, хизматҳои комуналӣ, алоқа, таъмин намудани пардохти саривақти маблағҳо мунтазам Роҳбарият ва муҳосиботи суди вилоят
13. Андешидани тадбирҳои иловагӣ дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва татбиқи талаботи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020, таъмин намудани баррасии саривақтии чунин парвандаҳо ва қабули қарорҳои қонуниву асоснок мунтазам Роҳбарият, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суд
14. Вусъат бахшидани корҳо барои такмили роҳу усулҳои қабули шарҳрвандон, идома додани қабули доимии шаҳрвандон ва баррасии холисонаву ҳаматарафаи муроҷиати онҳо мунтазам Роҳбарият ва судяҳо
15. Пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа ва мубориза бо ҷинояткорӣ, гузаронидани сӯҳбату мулоқотҳо байни наврасону ҷавонон, алалхусус шомилшавии онҳо ба ҷараёну равияҳои экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳувияти миллӣ мунтазам Роҳбарият, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суд
16. Ҷамъбасти амалияи судӣ оид ба баррасии аризаҳо вобаста бо ҳолатҳои навошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдокарда, ки дар нимсолаи якуми соли 2018 баррасӣ шудаанд ноябр Муовини Раис Латифзода М., судяҳо Нурализода С., Шарифзода Б., Раҳматиллозода М. ва котиби коллегияи гражданӣ
17. Гузаронидани вохуриҳо бо аҳолӣ оиди риоя намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мунтазам Муовинон, раиси коллегияи маъмурӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд
18. Ҷамъбастии таҷрибаи судӣ оид ба натиҷаи баррасии парвандаҳо дар коллегияҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурии суди вилоят дар соли 2018 бо муайян намудани сабабҳои ба тариқи кассатсионӣ бекор ва тағйир ёфтани санадҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд декабр Муовинон, раисони коллегияҳо ва котибони коллегияҳо

 

Эзоҳ: аз натиҷаи иҷроиши ҳар банди нақшаи корӣ аз ҷониби масъулин маълумотномаи муфассал пешниҳод карда шавад.

Назорати таъмини иҷрои нақшаи корӣ ба зиммаи муовини якуми раиси суд Мирзозода М. вогузор карда шавад.