СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои нави суди вилояти Суғд семинари машваратии ҳармоҳаи судяҳо баргузор гардид. Дар семинари мазкур Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р., раиси суди иқтисодии вилояти Суғд, муовин ва судяҳои суди вилояти Суғд, раисон, муовинон, судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва судяҳои суди иқтисодии вилояти Суғд иштирок намуданд.

Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. пеш аз семинари мазкурро кушодан, собиқ сардори шӯъбаи таъмини ташкили кори судҳои вилояти Суғд Шоҳзода И.-ро, ки ба синни ниҳоии нафақа расидан, аз номи тамоми кормандони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд табрику таҳният намуда бо туҳфаи хотирави қадрдони намуданд ва инчунин судяҳои суди вилояти Суғд, раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ӯро табрик карданд.

Дар идома раиси суд пеш аз семинари мазкурро кушодан вобаста ба омилҳои коррупсионӣ баромад намуда, қайд карданд, ки коррупсия яке аз омилҳои номатлуби ҷомеа буда, ба шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030 моро водор месозад, ки фаъолияти худро шаффоф ба роҳ монда ба ин омили номатлуб мубориза барем. Аз ҷумла хавфи коррупсионӣ бояд пешгирӣ карда шавад.

Бинобар ин зарур аст, ки ҳар як судя ва корманди дастгоҳи суд фаъолияти худро дар доираи талаботи қонун амалӣ намуда, ба зиёдарави роҳ надода, омилҳои коррупсиониро пешгирӣ намоянд.

Бояд қайд кард, ки риоя қатъии интизоми меҳнат, саривақт баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ, ба кашолкори роҳ надодан, дар мӯҳлат супоридани санадҳои судӣ ба тарафҳо, иҷрои санадҳои судӣ барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд. Зеро ҳолатҳои ҷой доранд, ки судя, корманди дастгоҳи суд дар вақти корӣ аз ҷои кор баромада, интизоми меҳнатро вайрон карда, берун аз бинои суд ба кирдорҳои коррупсионӣ даст задаанд.

Дар ин робита зарур аст, ки интизоми меҳнат қатъӣ риоя карда шавад, ба кашолкори роҳ додан, саривакт баррасӣ накардани парвандаҳои судӣ низ ба пайдоиши омилҳои коррупсионӣ оварда мерасонад.

Ҳавасмандгардони низ барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст таваҷҷуҳи Роҳбари давлат нисбати ҳокимияти судӣ ва мо судяҳо хеле зиёд буда, сохтмони биноҳои ҳозиразамон барои судяҳо ба маротиб зиёд намудани маоши судяҳо ва дигар ҳавасмандгардониҳо ба монанди додани рутбаҳо, мукофотҳои давлатӣ кафолати ғамхории Роҳбари давлат нисбати ҳокимияти судӣ мебошад. Дар ҷавоб мо судяҳоро зарур аст, ки софдилона ва содиқона фаъолият намуда, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро пурра ҷонибдори намуда, фаъолияти худро танҳо дар асоси талаботи қонун бидуни манфиату ғарази шахсӣ ба роҳ монем, ба Роҳбари давлат содиқ бошем.

Раисони судҳои шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки назоратро аз болои фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд қатъӣ ба роҳ монда, шафофияти фаъолияти онҳоро таъмин намоянд.

Инчунин ҳар як судяро зарур аст, ки дар андешаи обрую эътибори ҳокимияти судӣ обрую эътибори худ ҳамчун судя бошанд.

Таъкид карда мешавад, ки фаъолияти худро қонуни ба роҳ монда, омилҳои коррупсионӣ қатъиян пешгири карда шавад.

Дар навбати худ аз ҷониби судяҳо дар мавзӯҳои: тартиби таҳия ва қабули ҳукми айбдоркунӣ дар мавриди тағйир додани банду басти кордори судшаванда, хориҷ намудани қисмҳои алоҳидаи айби эълоншуда, қисман сафед кардани лаҳзаҳои айбдорӣ, Иҷрои қарорҳо вобаста ба таъини ҷазои маъмурӣ (боби 17 КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон), Меросгирӣ тибқи васиятнома (боби 70 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон),Таъини экспертиза ва коршиноси судӣ, мазмуни таъинот оид ба таъини экспертиза ва коршиноси судӣ, гирифтани намунаҳои тарзи навишт (хат) барои муқоисаи таҳқиқии ҳуҷҷати хаттӣ ва имзоҳо дар ҳуҷҷат, экспертизаи комплексӣ, экспертизаи комиссионӣ. Тартиби гузаронидани экспертиза, экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ (моддаҳои 82-89 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон),Чораҳои таъмини даъво: асосҳои татбиқ ва мушкилоти амалия. Муҳлатҳои мурофиавӣ ва оқибатҳои риоя накардани онҳо. Аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоршуда маърӯзаҳо намуданд.

Ҳамзамон тибқи нақша дар толори судии бинои нави суди вилояти Суғд машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва суди иқтисодии вилояти Суғд зери роҳбарии судяи суди вилояти Суғд баргузор гардида, аз ҷониби кормандони дастгоҳ дар мавзӯъҳои: принсипҳои асосии хизмати давлатӣ (моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ), муҳлатҳои мурофиавӣ (моддаҳои 109-114 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон), муҳимияти Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ташкили назорати иҷрои ҳуҷҷатҳо (Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), беэътибории ақди никоҳ (моддаҳои 28-31 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), асосҳои коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар судҳои иқтисодӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуда, байни иштирокчиён саволу ҷавобҳо доир гардид.