Семинари машваратии ҳармоҳаи судяҳо

Санаи 31 июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи бинои нави суди вилояти Суғд семинари машваратии ҳармоҳаи судяҳо баргузор гардид. Дар семинари мазкур раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р., муовини раиси суд Зарифӣ Ф.Н., судяҳои суди вилояти Суғд, раисон, муовинон, судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва судяҳои суди иқтисодии вилояти Суғд иштирок намуданд.

Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. семинари машваратиро кушода эълон намуда қайд намуданд, ки  бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо ба бинои Суди вилоят, ки чанде қабл аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд, самимона хушомадед мегӯям.

Бешубҳа дар остонаи таҷлили ҷашни пуршукуҳи 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар ба аҳли кормандони мақомоти судии вилояти Суғд тақдим гардидани чунин армуғони идона ҳамаи мову шуморо вазифадор мекунад, ки бо эҳсоси баланди масъулияти касбӣ, ҳисси саршори ифтихори ватандорӣ, садоқатмандона ва фидокорона дар ҷодаи иҷрои вазифаҳои хизматиамон пайи кору амали созанда ва ба нафъи давлату миллат бошем.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти касбиамон қарор дода, дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини волоияти қонун ва адолати судӣ содиқона саҳмгузорӣ намоем.

Чӣ тавре ҳамаи Шумо огоҳӣ доред, моҳи июни ҳамин сол Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда солҳои 2027-2036» қатънома қабул намуд.

Ҳанӯз дар ибтидои ба сари қудрат омадан Пешвои миллат ҳарфи сулҳу ваҳдатро ба забон оварда, онро маромномаи аслии мактаби сиёсии хеш қарор доданд.

Халқи шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи расидан ба ваҳдати воқеӣ, ризоияти миллӣ ва сарҷамъию иттиҳоди сартосарӣ комёб шуданд, ки ин хидмати бузургро на танҳо фард-фарди Тоҷикистони озоду мустақил, балки доираҳои обрӯманди ҷаҳонӣ эътироф намудаю ба ҳайси таҷрибаи омӯзанда дар ҳалли низоъҳои миллӣ қобили истифода медонанд.

Имрӯз бошад, дар гӯшаҳои муайяни сайёра аз касофати ҷангу хунрезӣ ҳаёти мардуми осоишта зери хатари воқеӣ қарор дорад, тифлону занон, пиронсолон, инсонҳои бегуноҳ қурбонии тиру таркиш мегарданд. Пешвои муаззами миллат чун инсони ғамхор ва дилсӯз наметавонанд нисбати чунин вазъи нигаронкунанда бетараф ва ё беаҳамият бошанд.

Аз ин нигоҳ, ташаббуси навбатии ҷаҳонии худро пешниҳод карданд, ки моҳияти он таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аст, яъне агар имрӯз инсоният дурандешу оянданигар бошаду хоҳад, ки як сайёраи сабзу босуботро бо фазои саршор аз неъмати сулҳу ваҳдат ба насли фардо боқӣ гузорад, аз имрӯз бояд пайваста дар самти мустаҳкам намудани пояҳои сулҳи ҷаҳонӣ иқдомҳои амалиро рӯи даст гирад, то сулҳи ҷаҳонӣ пойдору устувору бегазанд бошад.

Дар фаъолияти сарварию давлатдории Пешвои миллат ҳам дар арсаи сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сатҳи сиёсати минтақавию байналмилалӣ ҷойгоҳи марказӣ доштани мавзӯъҳои вобаста ба сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ, ҳамсоягии нек, баёнгари онанд, ҳама кору амали Президенти маҳбуби мо аз сарчашмаи худшиносии миллӣ, ҳофизаи таърихӣ, тамаддуни оламшумули ниёгон ва ифтихори ватандорӣ ибтидо мегирад.

Аз ин рӯ, моро месазад, ки пайравони содиқ ва ҷонибдори воқеии сарварии сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат бимонем, аз чунин сиёсати хирадмандонаи пешгирифта ва роҳи интихобкарда ифтихор дошта бошему танҳо дар тақвияти ин сиёсат ва таҳкими ин роҳ ҳиссагузории доимӣ намоем.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ва фарҳанги сулҳ дар байни ҷомеа тавассути телевизион радио, рӯзномаву маҷаллаҳо, сомонаҳои интернетӣ бояд мо — судяҳо ҳамеша пешсафу фаъол бошем.

Бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ, дар коллективҳои меҳнатӣ, байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, бошандагони маҳаллаҳо, донишҷӯёни таълимгоҳҳои олӣ ва намояндагони касбу кори гуногун сӯҳбату вохӯриҳои судманд ва мақсаднок гузаронида, гиромӣ ва поянда нигоҳ доштани сулҳ ва соҳиби фарҳанги сулҳ буданро тарғибгарӣ намоем.

Дар охир ба ҳозирин дар ин самт, фаъолияти натиҷабахш ва пешрафту муваффақият орзу намуданд.

Сипас судяи суди вилояти Суғд Искандарзод А.И. дар мавзӯи ҷонибдории пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда солҳои 2027-2036» маъруза намуд.

Дар идомаи семинари мазкур аз ҷониби судяҳо дар мавзӯҳои: ислоҳи иштибоҳ ва хатогиҳои ошкори арифметикӣ дар ҳалнома, ҳалномаи иловагӣ, тавзеҳи ҳалнома (моддаҳои 204-206 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон), хусусиятҳои хоси баррасии баҳсҳо дар бораи бартараф намудани монеа, тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ (моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), Исботкунӣ дар мурофиаи иқтисодӣ: мушкилоти пешниҳод ва арзёбии далелҳо, далелҳои электронӣ дар мурофиаи иқтисодӣ маърӯзаҳо намуданд.

Ҳамзамон тибқи нақша дар ду толори судии бинои нави суди вилояти Суғд машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва суди иқтисодии вилояти Суғд зери роҳбарии судяи суди вилояти Суғд баргузор гардид.

Тибқи нақша котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода З.Т. дар мавзӯи Аҳамияти умумиҷаҳонии ташаббуси беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули қатъномаи таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда солҳои 2027-2036”,  котиби маҷлиси судии суди шаҳри Истаравшан Маҳмудзода М.М. дар мавзӯи товони зарари маънавӣ (моддаи 1225-1226 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон), котиби маҷлиси судии суди шаҳри Истиқлол Назарзода Н.Р. дар мавзӯи аттестатсия-шарти асосии баҳодиҳӣ ба натиҷаи фаъолияти хизматчии давлатӣ, котиби маҷлиси судии суди шаҳри Бӯстон Шокиров С.Ю. дар мавзӯи Намудҳои ҷазои маъмурӣ ва сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати суди иқтисодии вилояти Суғд Сайдуллоӣ П.Ҳ. дар мавзӯи субъектҳои ҳуқуқи муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ маъруза намуда, байни иштирокчиён саволу ҷавобҳо доир гардид.