Таҳкими сулҳ

Боиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити кунунии низоъҳои ҷаҳонӣ барои қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036» ташаббуси беназир нишон дода, барои сулҳ ва осоиши инсонҳои олам қадами ҷиддӣ гузоштанд.

Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, тағйирёбии иқлим, мушкилоти иқтисодӣ ва дигар буҳронҳо рӯ ба рӯ аст сулҳ ҳамчун арзиши олӣ ва шарти асосии рушди устувор аҳамияти бештар касб мекунад. Аз ин рӯ, Созмони Милали Муттаҳид ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамкории созанда даъват намудааст.

Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (солҳои 2027-2036)» натанҳо як муваффақияти дипломатӣ, балки қонуният ва натиҷаи мантиқии мактаби сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ин ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам як рӯйдоди таърихӣ ва боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Қабули қатъномаи мазкур бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар эътироф шудааст.

Бе сулҳ ягон кишвар наметавонад ба ҳадафҳои таълимӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худ бирасад. Қабули қатъномаи мазкур нишони эътибори сиёсии Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон бо чунин ташаббусҳо бори дигар исбот кард, ки кишварҳои рӯ ба рушд метавонанд дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сайёра нақши калидӣ дошта бошанд. Даҳсолаи солҳои 2027-2036 як даъвати ҷаҳонӣ барои устувор кардани суботи сиёсӣ дар шароити  зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир мебошад.

Самандар СОДИҚЗОДА

мушовири Суди вилояти Суғд