Вохӯрии кормандони суди вилояти Суғд бо фаъолони шаҳри Гулистон
Санаи 29 августи соли 2026 судяҳои суди вилояти Суғд дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо фаъолони шаҳри Гулистон вохӯрӣ гузарониданд.
Вохӯрии мазкурро раиси шаҳри Гулистон Пулотзода И. кушода эълон намуда, судяҳои суди вилояти Суғдро бо иштирокчиёни маҷлис шинос намуданд.
Дар вохӯрӣ судяҳои суди вилояти Суғд Аҳмадзод Ф., Бобоҷонзода Б.,
Назарзода Н.О. ва Набизода Н.Ҳ. иштирок намуда, дар мавзӯъҳои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти таърихии қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», инчунин пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки таҳкими маърифати ҳуқуқӣ яке аз омилҳои муҳими бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб рафта, ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, қонунҳоро эҳтиром намояд ва дар таъмини волоияти қонун саҳмгузор бошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, маҷлиси мазкур ба охир расид.

Суди вилояти Суғд 