Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар давраи нимсолаи якуми соли 2018

23 июли соли 2018 дар АМИТ «Ховар» вобаста ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи Суди Олӣ иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо таври мухтасар ба намояндагони ВАО ахборот доданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2018 ба марҳилаи якуми Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо дар маҷмӯъ 74.749 адад парвандаҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2895 адад кам мебошанд.

Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 7518 ададро парвандаҳои гражданӣ, 20211 ададро парвандаҳои оилавӣ, 5530 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 28144 ададро парвандаҳои маъмурӣ ва 5267 ададро дархосту пешниҳодҳои мақомотҳо ташкил медиҳанд.

Дар нимсолаи якуми соли равон вобаста ба риоя накардани талаботи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба судҳо 317 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 108 адад кам мебошад.

Оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» судҳо 9742 парвандаҳои маъмуриро баррасӣ намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1579 адад кам мебошад.

Дар маҷмӯъ аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ доир ба парвандаҳои судӣ ба фоидаи давлат ба маблағи умумии 31.139.024,97 сомонӣ ва 24.896 доллари ИМА зарари ба давлат расонидашуда, ҷарима, боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳо рӯёнида шудааст.

Мақомоти судии кишвар барои дар амал татбиқ намудани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019”, ки ба баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, маҷлисҳои сайёри судиро ҳамчун омили тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби қонунҳо истифода намуда, 9185 парвандаро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намуданд.

Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат карданд, судҳо 10121 таъиноти хусусӣ бароварда, 363 ҷамъбастиҳо гузаронида, сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, содиршавии ҷиноят, баҳсҳои гражданиро мавриди таҳлил қарор дода, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо 206 адад пешниҳодҳо ирсол намуданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди қабули шаҳрвандон бошад, бевосита аз ҷониби Раиси Суди Олӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 786 муроҷиаткунанда қабул карда шудааст.

Аз ҷониби муовинони Раис ва раисони коллегияҳои Суди Олӣ дар ин давра 65 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд.

Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти судӣ нишон дод, ки дар ин давра баъзе судяҳо ба вайронкунии муҳлати баррасии парвандаҳо роҳ дода, баъзе қарорҳои ғайриқонунӣ қабулшуда аз тарафи судҳои болоӣ бекор карда шуданд.

Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти корӣ ва аз байн бурдани камбудиву норасогиҳои ҷойдошта дар нимсолаи дуюми соли 2018 амалисозии чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

— идома додани тарғибу ташвиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои амалкунанда;

— бо мақсади иҷрои “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” ташкил кардани корҳои фаҳмондадиҳии қонунҳо тариқи ВАО ва суҳбату вохӯриҳо бо мардум;

— гузаронидани чорабиниҳои ҷашнию ободонӣ бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои забони давлатӣ, кормандони мақомоти судӣ, Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таъмини иҷрои “Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва нақшаҳои дохилиидоравӣ доир ба ин масъала;

— идомаи таҷдиди назар намудани қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба таҷрибаи таъини ҷазо аз рӯи ҷиноятҳо бо моддаҳои 373-376 ва 391 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2017 ва нимсолаи якуми соли 2018);

— санҷиши иҷрои ҳукмҳои аз ҷониби коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳарбии Суди Олӣ қабулгардида ва пешниҳоди маълумот (солҳои 2016-2018);

— ҷамъбасти таҷрибаи судии парвандаҳои гражданӣ вобаста ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ (соли 2012-2018);

— ҷамъбасти амалияи баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба мерос (соли 2017 ва нимсолаи якуми соли ҷорӣ);

— ҷамъбасти амалияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (нимсолаи дуюми соли 2017 ва нимсолаи якуми соли 2018);

— гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо дар қисмҳои низомӣ ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ;

— ба истифода додани махзани (сервери) дохилӣ дар Суди Олӣ, омӯзиши истифодабарӣ ва коркарди сомонаҳои судӣ;

— бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ.

 

Бахши иттилооти
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон