ОМИЛИ ЯКДИГАРФАҲМӢ ВА МУТТАҲИДӢ!
Таърихи инсоният ногуфта пайдост, ки омилҳои муҳими ҳамзистӣ ва якдигарфаҳмии қавмҳо дар кадом давру замоне, ки набошад барои муттаҳидӣ, оромӣ, ваҳдату субот ёрмандӣ мекунад. Зиндагии осоишта яке аз сабабҳои рушди тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Маънии вожаи ваҳдат ягонагиву иттиҳод буда, саодати рӯзгори зиндагӣ ва фурӯғи имрӯзу ояндаи ҳаёти одамӣ дониста мешавад.
Таърих гувоҳ аст, ки 26 сол қабл, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокираи сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузоштанд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос менамуд.
Маҳз, бо кӯшишҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид, мамлакат обод шуду пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд.
Пояи сулҳу осоиштигӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашт, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ буд ва ҳаст.
Чуноне ки мо медонем, меъмори Ваҳдати миллӣ -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи миллат буда, дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб шуданд ва дар бунёди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сохти конститутсионӣ ва сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ Сарвари давлатамон нақши арзанда гузошта миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд. Дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз кардаанд.
Ҳамин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу Ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.
Имрӯз иттифоқ будани миллати тоҷик, пешравии кишвари биҳиштосои мо буда, меҳмоннавозии халқи инсондусти мо мамлакатҳои бурунмарзиро дар ҳайрат гузошта, таҷрибаи ваҳдати тоҷикон мавриди омӯзиши институтҳои байналмилалӣ қарор дорад.
Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз намунаи ибрат дар саросари кишварҳои мутамаддин гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдату ягонагӣ метавон истиқлолияту ободии меҳан ва амну осоиштагии мардумро аз ҳама хавфу хатар эмин нигоҳ дошт. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.
Нигора Назариён,
судяи суди вилояти Суғд