Паёми Пешвои миллат – кафили бахту саодати миллат

Паёми Пешвои миллат – кафили бахту саодати миллат

Тавре ба ҳамагон маълум аст ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти самтҳои асосии иқтисодию иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъкиди афзалиятҳои навин барои як соли минбаъда ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш мегардад.

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат дар таърихи 26-уми январи соли 2021 ба мақоми қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми Тоҷикистон воқеан ҳам таърихӣ – 30-юмин солгарди истиқлолу озодии ватани азизамон сурат гирифт.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ диққати хоса зоҳир намуда, рушди ин соҳаҳоро яке аз тадбирҳои муҳим барои Ҳукумати мамлакат арзёби намуданд.

Соли сипаригардида новобаста аз вазъи пандемияи COVID-19 иқтисодиёти кишвар боло рафта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шудааст.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ҳамчунин ба соҳаҳои иҷтимоӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, ба Ҳукумати кишвар дастур доданд, ки дар масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарастон мунтазам ғамхорӣ зоҳир намуда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амали намояд. Дар ҳамин замина бо мақсади дастгирии давлатии маъюбон ва ятимон Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, нафақаи маъюбони то 18-сола ба андозаи 20 фоиз ва нафақаи маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шавад.

Ҳамчунин Президенти кишвар ба мавзӯӣ ҷавонон, қонун, ҷомеа ва ҳуқуқ, мубориза ба муқобили коррупсия, тартиботи ҷамъиятӣ, Қувваҳои мусаллаҳ ва муносибатҳои байналмиллалӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, татбиқу иҷрои онҳоро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир аз ҳар як шаҳрванди диёр муҳим арзёбӣ намуданд.

Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он пешрафту камбудиҳои ҳама соҳаҳо таҳлилу баррасӣ мегарданд, моро водор месозанд, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандустиву ватанпарастӣ дошта бошем ва баҳри рушд, ободии Тоҷикистони азиз ва сарҷамъии миллат фаъолияти босамар намоем.

                                                     Муовини Раиси суди вилояти Суғд,

                                                     Раҳматзода Исмоил