СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲҲОИ СУДИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Санаи 29 майи соли 2026 дар маҷлисгоҳи суди вилояти Суғд семинари омӯзишии соҳавӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур Муовини Раиси суд Раҳматиллозода М., судяҳои суди вилояти Суғд, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, инчунин кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Муовини Раиси суд Раҳматиллозода М.  баромад намуда, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро таъкид намуд, ки камбудиҳои ошкор шударо бартараф карда,  дастурамал ва дигар қарорҳоро пурра омӯхта барои ҳар чӣ зудртар ба Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ омода шуда, коргузориро тариқи электронӣ ба роҳ монда, ба коргузории қоғазии иловагӣ хотима бахшанд.

Дар идомаи семинари мазкур аз ҷониби судяҳо дар мавзӯҳои “Мақсад, асос таъин кардан ва тартиби татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ”, Супориши судӣ, тартиби иҷроиш супориши судӣ, Моликияти зану шавӣар ва тартиби тақсимоти он, ҳуқуқу  ӯҳдадории иштирокчиёни парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аломатҳои умумии ва фарқияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи муфлисшавӣ ва “Дар бораи барӣамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ ва таҳлили сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ маърӯзаҳо намуданд.

Инчунин кормандони дастгоҳ дар мавзӯҳои шарҳи боби 30 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тобеъияти судӣ, шарҳри мухтасари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи муқовимат бо коррупсия”, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи муқовимат бо экстремизм” ва шаклҳои умумии ҷавобгарии ҷиноятӣ баромад намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидор, донишҳои ҳуқуқӣ ва такмили малакаҳои амалии судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ ташкил шуда, ба иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда ва беҳтарсозии хизматрасонии судӣ равона гардидааст.