МАҶЛИСИ КОРӢ

Санаи 18 майи соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда  баромад карда қайд намуд, ки масъалаи коррупсия хеле ҷиддӣ буда, доимо назоратро талаб менамояд. Бори дигар ба судяҳо ва кормандони дастгоҳ таъкид карданд, ки ба омилҳои коррупсионӣ даст назада барои пешгирии он ҳар як судя ва корманди дастгоҳи суд фаъолона мусоидат намоянд.

Раиси суд таъкид намуд, ки зимни баамалбарории адолати судӣ талаботи қонун риоя карда шуда, аз омилҳои коррупсионӣ худдорӣ намоянд. Масъулият барои кирдорҳои коррупсиони ба зиммаи ҳар як муовинон, судя ва корманди дастгоҳи суд гузошта мешавад.

Дар охир Раиси суд ба муовинони Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд таъкид намуд, ки фаъолияти худро дар доираи талаботи Қонун, Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси одоби хизматчии давлати амалӣ карда, ба омилҳои коррупсионӣ даст назада барои пешгирии он мусоидат намоянд.