ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ
Вазъи ҷаҳони муосир идоранашавандаву ташвишовар ва нигаронкунанда аст. Зеро ҳар рӯз аз минтақаҳои гуногуни дунё амалҳои ғайриинсонии экстремистиву террористӣ ба гӯш мерасад, ки боиси нороҳатии ҷомеа мегардад. Ва аксарият қурбонии ин амалҳои номатлуб модарону кӯдакони бегуноҳанд. Амали ифротгароёна ҳеҷ гоҳ ба манфиати давлату миллат ва ҷомеа нест, он танҳо нақшаи ғаразноки тоифаи муайяни бадандешон аст, ки рушду пешрафт, ободиву шукуфоӣ ва осоштагии давлатҳоро дида наметавонанд.
Ин зуҳурот ба амният, сулҳу субот ва рушди ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бар зидди ин падидаҳо танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ва ё ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масьулияти умумии ҷомеа мебошад.
Мутаассифона гурӯҳҳои ифротгароро ҷавонони гумроҳу камтаҷриба, бинобар сатҳи пасти донишу маърифат, тарбияи дурусти ватандӯстӣ надошта тавассути таъсири таблиғоти ғаразнок дар шабакаҳои интернети ташкил додаву ҳаёти фардои хешро доғдор мекунанд.
Чи хеле ки мегӯянд, «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ». Аз ин лиҳоз, баҳри пешгирии ин вабои аср, пеш аз ҳама падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд якҷоя корбарӣ намоянд ва барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, тарбияи ватандӯстиву худшиносӣ, бедор намудани эҳсоси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи сулҳу ваҳдат, фарҳанги баланди таҳаммулпазирӣ дар дили ҳар як шаҳрванд, назорати истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ мусоидат намоянд. Яъне, ҷавонон бояд илму дониш омӯзанд ва ҷаҳонбинии солим дошта бошанд.
Тоҷикистон низ чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри пешгирии экстремизм ва терроризм, ки душмани амният ва оромии ҷомеа мебошанд, қонунҳои дахлдор қабул намудааст ва чораҳои зарурӣ меандешад. Хоинони миллати мо низ зархариди дигарон буда, дастоварду пешравиҳои моро нодида мегиранд ва аз берун истода сангпартоӣ мекунанд. Пешгирии ифротгароӣ аз ҳар як инсон ҳушёрӣ, дониш ва масъулият талаб мекунад. Агар ҷавонон бо илму маърифат, ҳисси ватандӯстӣ ва ахлоқи нек тарбия ёбанд, ҷомеа аз хатари ифротгароӣ эмин хоҳад монд. Сулҳ ва ваҳдат неъмати бебаҳост ва ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Мафтуна РАҲМАТИЛЛОЗОДА,
муовини раиси суди вилоят
Суди вилояти Суғд 