Маҷлиси корӣ

Санаи 1 июни соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, супориши хаттии муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди иҷроиши супоришҳои хаттии роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ирсолшударо хонда, қайд намуд, ки ҳамаи супоришҳои хаттӣ дар алоҳидагӣ дар маҷлиси фаврии судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор дода шавад ва иҷроиши бандҳои дахлдори он ба зиммаи шахсони масъул вогузор карда шуд.

Инчунин Раиси суд шахсони масъулро таъкид намуд, ки раванди иҷроиши он бояд мунтазам дар муҳлат амалӣ гашта, таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад.

Дар охир қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.