Муҳокимаи ҷамъбастии амалияи судӣ
Баҳри иҷрои нақшаи кории суди вилояти Суғд дирӯз дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Муовини раиси суд Зарифӣ Ф.Н. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, қайд кард, ки судяҳо парвандаҳои дар истеҳсолоти суди дошташонро сари вақт ва дар муҳлатҳои бо қонун пешбинишуда баррасӣ намуда, ба кашолкориҳо роҳ надиҳанд.
Инчунин, муовини Раиси суд Зарифӣ Ф.Н. таъкид намуд, ки тибқи нақшаи кории суди вилояти Суғд, ҷамъбастии амалияи судӣ аз ҷониби судяҳои суди вилояти Суғд Искандарзод А., Маҳмадназарӣ Ш.М., Бобоҷонзода Б. ва Раҷабзода М. гузаронида шудааст.
Дар навбати худ, судяи суди вилояти Суғд Искандарзод А., ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо (моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд, маърӯза намуд.
Инчунин, судяҳои суди вилояти Суғд Маҳмадназарӣ Ш.М. оиди ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо (моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), Бобоҷонзода Б. оиди ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо (моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), Раҷабзода М. оиди ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо (моддаҳои 338-338 иловаи 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баррасӣ гардидаанд, маърӯза намуданд.
Дар охир маърӯзачиён қайд намуданд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, ба суроғаҳои муайян пешниҳодҳо ирсол карда шуда, ҷамъбастиҳои мазкур дар машғулиятҳои семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо низ муҳокима карда мешаванд.

Суди вилояти Суғд 