Маҷлиси фаврии назди Раиси суди вилояти Суғд
Дирӯз дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси фаврии судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилояти Суғд баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд. Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, аз рӯи масъалаи якум баромад карда, супориши хаттӣ ва мактуби расмии Раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда эълон кард. Аз ҷумла қайд намуд, ки риояи қонунгузорӣ вобаста ба забонӣ давлатӣ ва истифодаи дурусти имлои забони тоҷикӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва сифати санадҳои судӣ ба ҳисоб меравад. Қайд карда шуд, ки зимни таҳияи санадҳои судӣ, судяҳоро зарур аст, ки Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро қатъиян риоя намуда, ба хатогиҳои имлоӣ роҳ надиҳанд.
Аз рӯи масъалаи дуюм Раиси суд баромад карда, супориши хаттии муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №01(002)-01(005)/642 аз 28.05.2026 сол ва мактуби Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №01-3а/809 аз 18.04.2026 сол хонда эълон кард. Аз ҷумла қайд намуд, ки вобаста ба иҷрои талаботи мазкур ин масъала қаблан низ мавриди муҳокима қарор дода шуда, маҷлиси фаврӣ қарорҳои дахлдор қабул кардааст.
Аз рӯи масъалаи сеюм Раиси суд Рушанзода С.Р. баромад карда нақшаи қабули ҳисоботҳои омории судҳо дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи нимсолаи аввали соли 2026-ро хонда эълон кард.
Аз ҷумла қайд намуд, ки аз рўи Нақша, суди вилоят дар санаи 26.06.2026 сол соати 08:00 дақиқа ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот месупорад. Бинобар ин зарур аст, ки то санаи 12 июни соли 2026 баррасии парвандаҳоро дар марҳилаи аввал, марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ анҷом дода, маълумотҳои зарурӣ ба дафтархонаҳои дахлдор пешниҳод карда шавад.
Дафтархонаҳоро зарур аст, ки варақаҳои омориро пур намуда, сатрҳои ҳисоботҳои оморӣ мувофиқан қайд карда шавад.
Супоришҳои хаттии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида шуда, ахборотҳои муфассал тайёр карда шавад. Барои бо муваффақият гузаронидани ҳисоботҳо аз Раиси суд то котибон бояд дар тайёр кардани он фаъолона иштирок намоянд. Приставҳои судӣ, мушовирон ва ёрдамчиёни Раиси суд ба тайёр намудани ҳисоботҳои оморӣ ҷалб карда шаванд.
Судяҳоро зарур аст, ки барои тартиб додани ҳисоботҳо ва руйхати замимашуда, маълумотҳои заруриро ба дафтархонаҳо дақиқ ва дар мӯҳлат пешниҳод намоянд.
Талаб карда мешавад, ки ҳамаи маълумотҳо дақиқ бошанд ва зимни пешниҳоди маълумотҳо ба кашолкорӣ ва бемасъулиятӣ роҳ дода нашавад.
Муовинони раис Зарифӣ Ф.Н. Раҳматиллозода М. ва судяҳои суди вилояти Суғд: Аҳмадзода Ф.. Назариён Н.Қ., Ашурзода Н.А., Назарзода Н, Мирасилзода А.А., Искандарзода Ш., Набизода Н.Ҳ., Бобоҷонзода Б., Пӯлодӣ Т.С., Бобокалонзода З.К., Маҳмадназарӣ Ш.М., Искандарзод А.И., Сафозода А.Г., Ғаффорзода А., дар баромадҳояшон қайд намудаанд, ки парвандаҳоро саривақт баррасӣ карда, барои пешниҳоди маълумотҳои зарурӣ омода мебошанд. Маълумотҳоро дақиқ ва саривақт ба дафтархонаҳои дахлдор пешниҳод менамоянд.
Иштирокчиёни маҷлиси фаврӣ баромади Раиси суди вилоятро пурра ва ҳаматарафа дастгирӣ намуданд.
Бо ҳамин маҷлиси фаврӣ ба охир расид.




Суди вилояти Суғд 