Конфронси илми амали дар мавзӯи “Судҳои ҷумҳурӣ меҳвари истиқлолият”
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Суғд ба муносибати сазовор истиқбол намудани ҷашни 33 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илми-амали дар мавзӯи “Судҳои ҷумҳурӣ меҳвари истиқлолият” доир гардид.
Дар кори конфронс роҳбарият, судяҳо ва кормандони суди вилояти Суғд, суди ҳарбии гарнизонӣ Хуҷанд, суди иқтисодии вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳузур доштанд.
Чорабиниро муовини аввали раиси Суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М. ифтитоҳ намуда, таъкид доштанд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ дошта, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, нерубахши ҳаёти осоиштаи ҳамарӯза мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои мушкилтарин идораи давлатро ба даст гирифта, давлатро аз вартаи фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофашон мутаҳҳид ва ба қалби онҳо шуълаи умед бахшиданд. Даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳамчунин ба мақомоти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дода шуда, бо қабули санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ ба ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, дар низоми судӣ судҳои конститутсионӣ, ҳарбӣ ва иқтисодӣ таъсис дода шуданд.
Қобили тазаккур аст, ки даврони Истиқлоли давлатӣ дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳокимияти судӣ ва ба таври васеъ ҷонибдорӣ намудани пешниҳодҳо вобаста ба ислоҳоти судӣ эҳсос мегардад. Тамоми қонунгузории мурофиавӣ, ки фаъолияти ба амалбарории адолати судиро танзим мекунад дар таҳрири нав қабул гардида, муҳокимаҳои судӣ дар асоси баробарҳуқуқии тарафҳо ва мубоҳиса амалӣ карда мешавад. Инчунин, беҳгардонии вазъи иҷтимоии судяҳо, таъмини онҳо бо биною таҷҳизотҳои муосир пайомади ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ буда, тадбирандешӣ дар ин самт идома дорад.
Ҳамчунин дар чорабинии мазкур судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар мавзӯҳои “Нақши Истиқлолият дар таҳкими ҳокимияти судӣ”, “Истиқлолият – шарти муҳими зиндагии шоиста”, “Истиқлолият дастоварди муҳим барои мардуми Тоҷикистон” ва дигар мавзӯҳо баромад намуданд.
Тавзеҳоте, ки дар Конфронси имрӯза таҳия гардид аҳамияти назариявӣ ва таҷрибавӣ доранд, ки на танҳо барои иштирокчиёни ҳамоиш, балки барои доираи кушоди ҳуқуқшиносони соҳа мусоидат менамояд.