МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ МАРДУМ ЭЪМОРИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД
Чӣ хеле, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд карданд, пешрафти баланди маърифати ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишони камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани меъёрҳои қонунгузорӣ мебошад.
Барои тарбияи шахси аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифат бояд мактаб, оила, ҷомеа якҷоя саҳми бесазо гузоранд. Бо таъсири ҳамин се унсур метавонад шахси маърифати ҳуқуқиаш баланд гардад.
Бо таҳрири нав ва иловаҳо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” боз як нишони эътибори давлату ҳукумат нисбати ба камол расондани шахсони бомаърифату донишманд ва ватандӯст мебошад. Ва ин қонун водор менамояд, ки падару модар, ҷомеаҳои даргоҳҳои таълиму тарбия, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, умуман ҳар инсоне, ки Ватани азизи ободу озодро имрӯзу ояндаи худ медонад, масъул бошанд. Робитаи кумитаи падару модарон бо масканҳои таълиму тарбия – кӯдакистон, мактаб, марказҳои таҳсилоти иловагӣ мустаҳкам гардад. Барои ин дар ҷойҳо мулоқоту мизҳои мудаввар, маҳфилҳои гуногун бештар бошад, дар як вақт таъсирнокии он дар сатҳи баланд ҷараён гирад.
Фирӯза АҲМАДЗОДА,
судяи Суди вилояти Суғд