Чорабинии тантанави бахшида ба Рӯзи Модар
Имрӯз, 7 марти соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи модар” бо иштироки Раиси суди вилояти Суғд муҳтарам Рушанзода С.Р., муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилояти Суғд баргузор гардид.
Раиси суди вилояти Суғд бо сухани табрикотӣ чорабинии мазкурро оғоз намуда, қайд намуданд, ки фарорасии баҳори оламафрӯз ба Иди модарони азиз рост меояд, зеро зан — модар рисолати нек ва хайрхоҳӣ дошта, ҳамаи покизагӣ, фатҳу кушоиш ва меҳру муҳаббат аз дастони муъҷизаофари ин олиҳаи зебоӣ ва фариштаи заминӣ ибтидо мегирад.
Бузургии модар бемисл, лутфаш беандоза, меҳрубонию дилсӯзиаш шоёни таҳсин аст. Қалби пурмеҳри модар басо самимист. Бо қимматтарин неъмати рӯи дунё ва ноёбтарин ганҷ наметавон вуҷуди модар ва ҳастии мубораки ӯро баробар намуд. Меҳри модар, муҳаббати ӯ баландарзиш аст. Ҳама ба бузургии модар имон овардаанд. Зеро модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар, чароғи пурнури хонадон, сазовори ситоиш ва арзандаи мақому ҷойгоҳи муқаддас аст. Дунёи дили модар лабрези ҳиссиёти меҳрубонӣ ва осмони дили модар ҳамеша софу офтобист. Дасти дуои модар рамзи офияти ҳаёт, роҳи сафед, бахти накӯ ва фатҳу кушоиш аст.
Фазилатҳои накӯи инсонӣ, эҳсоси саршори ватанхоҳӣ ва меҳр ба зиндагӣ аз шири модар дар вуҷуди одам ҷой мегиранд, зеро ин ҳама ҳиссиёти писандидаю хосиятҳои мақбул модарзодӣ мебошанд.
Модар офарандаи ҳастии инсон, илҳомбахши ҷигарбандонаш дар шоҳроҳи зиндагист. Зистан бо модар, дар паҳлӯи ӯ будан волотарин дараҷаи хушбахтист. Сухан бо ҳама қудрату тавонаш имконияти пурра тавсифу ситоиш ва васфу таҳсини модарро надорад. Модар аввалу охир, оғозу анҷоми умри босаодат аст. Модар бо ҳузури нурбахши худ ҳаёти инсонро маънӣ мебахшад, модар маҳбубтарину азизтарину олитарини ҷумлаи инсонҳост.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба болоравии мавқеъ ва мақоми зан-модар дар ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат намуда, басо бамаврид чунин баён доштанд, ки: «Бо муҳаббату самимият ва дӯстдориву қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи модар гувоҳи он аст, ки давлату Ҳукумат ва ҷомеаи кишвари мо қадру манзалати Зан — Модарро гиромӣ ва азиз медоранд».
Имрӯз бонувони мо на танҳо ҳангоми фаъолият дар ҳокимияти қонунгузор дар таҳия ва қабули санадҳои қонунӣ саҳм мегузоранд, балки дар риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла қонуни танзими ҷашну маросим ва қонуни масъулият барон таълиму тарбияи кӯдак низ пешсафу намуна мебошанд.
Бонувон бо тозакорӣ ва эҷодгариву созандагии худ аз дигарон фарқ карда, табиатан дар вуҷуди онҳо сохтану офаридан, эҷод кардан, муродеро ҳосил намудан ва киштиеро ба соҳили мақсуд расонидан ҷойгир аст. То амалу икдом ва ташаббуси наҷибонаеро татбиқ насозанд, худро қаноатманд ҳис карда наметавонанд. Зеро нияти некашон аз дилу ботини покашон сарчашма гирифта, бо ҳадафи накӯ ва хостаи хайр зиндагии худро зиннат бахшиданианд.
Зан — модар равиши умри худро санҷидаву пухтакорона тарҳрезӣ намуда, ба ҳар зинаи ҳаёт бо омодагиву тамкини ба худ хос, бо такя ба нури маърифату гавҳари хирад ворид шуда, дар ҳама ҳолат эҳтиёткору фурӯтан ва дурандеш аст.
Ҷойгоҳу мартабае, ки занону модарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо доранд, барҳақ намунаи олӣ ва маснади ифтихорист, зеро онҳо бар замми иҷрои масъулияту вазифаи оилавии худ, дар мансабҳои гуногун покдилона ва содиқона барои ободии Ватан ва саодати ҳамватанон хизмати сазовор анҷом дода истодаанд.
Имрӯз ба чеҳраи шоди ҳар як зан — модар, аз ҷумла бонувони муҳтараме, ки дар ин толор ҳузур доранд, нигариста бояд шукргузори осоишу амнияти Ватан бошем, ки дар чунин фазоӣ орому пурфайз, бо рӯҳи болида, ҳисси баланди миллӣ ва ғуруру ифтихори ватандорӣ яке аз ҷашнҳои фархунда — Рӯзи модарро бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол мегирем.
Бонувони Суди вилояти Суғд бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.