ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Санаи 1 ноябри соли 2025 баҳри иҷрои супориши Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Презинденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. ва судяи суди вилояти Назариён Н.Қ. дар бинои суди вилояти Суғд як қаттор шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилоятро қабул карда, ба муроҷиати шифоҳии онҳо посухҳои мушахас дода шуд ва ҳамчунин аз ҷониби муовинони Раис, судяҳои суди вилояти Суғд қабули сайёри шаҳрвандон дар бинои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузарониданд.

Аз ҷумла, дар суди шаҳри Конибодом аз ҷониби муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М. қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуда, як қаттор сокинони шаҳри Конибодом, аз ҷумла сокини шаҳри Конибодом, Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Алӣ №64 Ҷурабоев Саид, ки шикояти ӯ аз Дастгоҳи Иҷроияи Презиндент тавассути Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди вилояти Суғд ворид гардидааст, қабул карда шуда, ваҷҳҳои муроҷиати ӯ дар ҳузури худи шикояткунанда санҷида шуда, ба ваҷҳҳои ӯ ҷавоб дода шуд.

Дар суди шаҳри Исфара аз ҷониби муовини Раиси суди вилояти Суғд Зарифӣ Ф.Н. қабули сайёри шаҳрвандон бо судяҳои суди шаҳри Исфара гузаронида шуда, сокинони шаҳри Исфара ба саволҳои худ чавобҳои ба худ қонеъшавандаро гирифтанд.

Инчунин, дар суди шаҳри Истаравшан муовини Раиси суди вилояти Раҳматиллозода М. қабули сайёри шаҳрвандонро якҷоя бо раиси суди шаҳри Истаравшан гузарониданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби судяҳои суди вилояти Суғд Бобоҷонзода Б. дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сангинзода Ғ., Бобокалонзода З.К. дар бинои суди ноҳияи Ашт бо судяи суди ноҳияи Ашт, Аҳмадзода Ф. дар бинои суди шаҳри Бустон бо раис суди шаҳри Бустон Зоирзода Б., ва Искандарзод А.И. дар бинои суди шаҳри Хуҷанд бо раиси суди шаҳри Хуҷанд Мирзоҳомидзода Д.  қабули сайёри шаҳрвандон гузарониданд.