ҚАДАМҲОИ НЕКИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Истиқлолият ба ватани мо сулҳу субот, осоиштагии комил ва ваҳдату ягонагиро эҳдо намуд. Маҳз туфайли Истиқлолияти миллӣ кишварамон обод гардида, ҳар рӯзу ҳар соат он симои худро дигар мекунад. Ҳамзамон Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Истиқлолияти миллӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар хеле муқаддас аст. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони пайдоиши нахустин давлатҳо кӯшиш бар он менамуданд, ки истиқлолияти давлатии хешро ҳифз намоянд, мусатақиялияти коми ба даст оранд.
Баробари соҳибистиқлол гардидан Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намояд ва бо давлатҳои хориҷӣ робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба роҳ монад. Ҳадафҳои стартегии худро амалӣ намуда, баҳри гулгулшукфии кишвари азизамон заминаи воқеӣ ба вуҷуд орад. Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, нақби Шаршар ва ғайра ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад. Воқеан, бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расида истодааст.
Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои бунёди хонаҳои баландошёна, корхонаҳои бузурги саноатӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ, хиёбону гулгаштҳо ба назар гирифта шуда, аксари онҳо аллакай мавриди истифода қарор гирифтанд. Маҳз Истиқлолияти комили тоҷикон тавонист кишвари моро дар миқёси ҷаҳон машҳур созад. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар яки мост.
Абдулҳамид ИСКАНДАРЗОД,
Раиси коллегияи суди
оид ба парвандаҳои
ҳуқуқвайронкунии маъмурии
суди вилоят