АДОЛАТИ СУДӢ РУКНИ БУНЁДИИ ОЗОДИИ ИНСОН

Адолати судӣ рукни бунёдии озодии инсон

Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, ки 29 сол муқаддам бо он ноил гаштем, арзиши баланди маънавиест, ки заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти шаҳрвандони мамлакатро асос гузоштааст.

Он ҳамчун падидаи нодири сиёсиву иҷтимои пешрафту дастоварди соҳаҳои гуногуни ҷумҳуриро зина ба зина таъмин намуд, ки низоми судӣ низ аз ин радиф истисно нест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳояшон истиқлолиятро барҳақ «рукни бунёдии озодии инсон» ва «ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон» номидаанд.

Дар ҳақиқат, институтҳои ҳуқуқӣ, ҳуҷҷату асноди муҳим маҳс аз соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ таъсис ва қабул гардиданд. Чунончӣ, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакат қабул гардид, ки муқаррароти он Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуд. Инчунин, инсон, ҳуқуқ ва озодии ӯро арзиши олӣ шинохта, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитриашро дахлнопазир дониста, риоя ва ҳифзи онро барои шаҳрвандон кафолат додааст.

Зимнан, Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави таърихии ҳокимияти судии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, зеро дар ин давра ислоҳоти конститутсионӣ сурат гирифт. Қабули Конститутсия ба ислоҳоти судӣ дар кишвар замина гузошт. Маҳз дар ҳамин давра ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд. Судҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфтаанд. Таъсиси онҳо аири зарури буд, зеро раванди ташаккули ягонаи давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Чизи дигаре, ки дар даврони истиқлолият дар низоми судӣ муҳайё гардид, мустақил будани ҳокимияти судӣ, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани судҳо, манъи дахолат ба фаъолияти судяҳо, яъне дахлнопазирии онҳо мебошад. Ин ҷиҳат аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб рафта, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғараз, инчунин таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Ҷои баҳс нест, ки дар мамлакат суд мавқеи воқеан ҳам мустақилро танҳо баъди соҳибистиқлолии давлат ба даст овард. Ин ҳам бо шарофати таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими ҳокимияти судӣ ва самаранокии фаъолияти судҳо муяссар гашт.

Илова бар ин, ҳадафи асосии талоши ҳар як халқ барои озодӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи умури давлатдорист. Зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад. Барои миллати сарбаланди тоҷик мояи хушбахтист, ки ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гашт. Истиқлолияти давлатӣ бошад, роҳро барои бунёди давлати озоду осоишта, мустақилу ҳуқуқбунёд боз намуд. Умедворем, ки миллати тоҷик бо шарофарти ин арзиши воло ба рушту пешрафтҳои нав ба нав ноил хоҳад гашт. Танҳо зарур аст, ки қонунписанд бошем.

Бадриддин ШАРИФЗОДА,

судяи Суди вилояти Суғд