Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ
26 октябри соли 2024 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рўзи кормандони мақомоти судӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси суди вилояти Суғд Мирзошариф Ҳоҷизода, роҳбарону кормандони мақомоти судӣ иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки мақомоти судӣ яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, таъмини адолати судӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст.
Воқеан ҳам, мақомоти судӣ аз рўзи аввалини таъсисёбии худ дар кори татбиқи қонунҳо, муҳофизати ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии халқ дар роҳи муборизаи беамон зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо саҳми назаррас мегузоранд.
Тазаккур дода шуд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди халқи тоҷик дар таърихи миллат саҳифаи наверо оғоз бахшид. Дар марҳилаи кўтоҳи таърихӣ маҳз бо кўшиш ва ғайрати беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат ва меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти ҷомеа гузошта шуданд.
Қайд гардид, ки вазифаи асосии фаъолияти мақомоти судӣ таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмўъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад, маҳсуб меёбад.
Кормандони мақомоти суд дар фаъолияти худ дар самти таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи тарбия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Меҳнати пуршараф ва талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомоти судӣ дар ин ҷода аз ҷониби ҷомеа ба хуби эҳсос гардида, борҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.
Бо дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар маҳалҳо ба кормандони мақомоти суд барои пеш бурдани фаъолияташон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, минбаъд низ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳад шуд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор роҳбарону кормандони мақомоти судӣ Сипосномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.