АСОСИ ПЕШРАФТИ ТАМОМИ СОҲАҲО

«Конститутсия» мафҳумест, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан Қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он мувофиқи иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон асосҳои сохтори марзӣ-давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст.

Агар аз ҷиҳати луғавӣ бигирем, Конститут­сия аз калимаи лотинии «сonstitutio» гирифта шуда, маънояш «муқарраркунӣ», «сохтор» мебошад. Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқӣ буда, танзимкунандаи муносибатҳои муҳимми давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, хориҷиён ва шахсони шаҳрвандӣ надошта, ки дар Тоҷикистон истиқомат доранд, асос мебошанд.

Конститутсияи ҳозирамалкунандаи Тоҷики­стон 6-уми ноябри соли 1994 қабул шуда, аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Тибқи моддаи 14-и Қонуни асосии мамлакат: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегар­данд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти дав­лат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».

Набояд фаромӯш сохт, ки ҳеҷ ягон мақо­моти давлатӣ, шахси мансабдор, шаҳрванд ва иттиҳодияҳои онҳо берун аз талаботи Консти­тутсия амал карда наметавонанд. Санадҳои мақомоти давлатӣ, барномаю оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар ҳолати ба Конститутсия хилоф будан, аз лаҳзаи қабулашон ғайриконститутсионианд ва қувваи ҳуқуқӣ надоранд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки тибқи Конститутсия қабул гардиданд, барои риоя ва иҷро ҳатмӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҳамон қонун ва санадҳои ҳуқуқие ҳатмианд, ки расман интишор гардидаанд.

Дарвоқеъ, имрӯз Тоҷикистон дар марҳалаи рушд карор дорад. Бо ин мақсад ва ҳалли масъалаҳои мазкур бо супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Консепсияи рушди кишвар барои давраи то соли 2050» ва «Стратегияи рушди миллӣ барои дав­раи то соли 2030» мавриди таҳия қарор доранд, ки асоси воқеии ин ҳуҷҷатҳои стратегиро руш­ди минбаъдаи иқтисодиёти бозаргонӣ ташкил медихад.

                                                            Саидаъзам ФАЙЗУЛЛОЗОДА,

                                                                         судяи суди вилояти Суғд