ҶАВОНИИ ҶАҲОН АСТ НАВРӮЗ

ҶАВОНИИ ҶАҲОН АСТ НАВРӮЗ

 

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Калимаи «Наврӯз» маънои «Рӯзи нав» — ро дорад. Аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифт, шоҳ Ҷамшед буд. Мутобиқи тақвими аҷдодӣ ва низоми ҳаракати сайёраҳо рӯзи 21 — уми март ҳудуди шабу рӯз баробар шуда, Наврӯз фаро мерасад.

Ин ҷашн  бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯз ба унвони Иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯз дар Тоҷикистон бо рӯҳияи сиёсӣ ба таври расмӣ ҳар сол 21 — уми март ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони Осиёи Миёна, ба вижа ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва туркманҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ густариш ёфтааст.

Дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Насаф, Тирмиз ва Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ баробари мардуми тоҷике, ки аз қадимулайём ин ҷо сукунат доранд, суннат ва анъанаҳои наврӯзӣ ҳифз карда шуда, ӯзбекон ҳам ин ҷашни миллиро таҷлил менамоянд.

Дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ин идро одамон бо расму русуми гуногун ҷашн мегиранд. Ҳамчун ғизои наврӯзӣ дар ин ид суманак омода карда мешавад, ки он рамзи нерӯмандӣ, боварӣ ва абадият мебошад.

 

                                                                                 Исмоил Раҳматзода,

судяи Суди вилояти Суғд