БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ РАВАНДИ ТАТБИҚИ ҲУҚУҚИ ИНСОНҲО ЧОРАҲОИ СУДМАНД ХОҲЕМ АНДЕШИД…
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ!
“….Мақоми судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро комилан таъмин созанд….”.
Эмомалӣ РАҲМОН
______________________________
БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ РАВАНДИ
ТАТБИҚИ ҲУҚУҚИ ИНСОНҲО ЧОРАҲОИ СУДМАНД ХОҲЕМ АНДЕШИД…
Паёми навбати ва ё навину кунуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз санаи 23 декабри соли 2022, ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, бешак, ба мо — кормандони мақомоти судии мамлакат низ нурӯи тавоно ва рӯҳу илҳоми бузурге бахшид.
Тавре ки шоҳидем, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари азизамон рӯйдодҳои воқеъан таърихиву арзишманд анҷом пазируфтанд ва ҳамарӯза кулли мо шоҳиди рушду тараққӣ ва ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон — Тоҷикистони азиз, бунёдкорию созандагиҳо дар ҳар гӯшаю канори кишвар гардида истодаем.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш дурустии роҳи интихобкардаи мардуми мамлакатро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллӣ дар асоси таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатаҳои байналмиллалӣ таъкид намуда, чун ҳамасола афзуданд, ки «Сиёсати дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир дуруст ва судовар будани худро нишон дода, доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшид ва барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ заминаи ниҳоят мусоид фароҳам овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми кунунии хеш аз ҷумла, ба мақомоти бахши ҳуқуқ, судӣ ва дар умум, мақомоти қудратӣ, масъулину мутасаддиёни ин соҳа чунин таъкидҳо ба амал оварданд: “… Таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишаваии санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд. Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷораи қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад….”
Ҳамин нуқта ва ё маъниро бояд зикр кард, ки Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавқеи инсон ва қадру қиммати он дар ҷомеа гаштаю баргашта ибрози назар ва ё мулоҳизаю ақоиди муфиду самарабор менамоянд. Яъне, мавқеи инсон ҳамеша дар меҳвари тамоми Паёмҳои Сарвари муаззами давлати мо қарор дошт, қарор дорад ва қарор хоҳад гирифт.
Тавре ки дар Паёми навбатӣ омадааст: “Давраи сипаригашта дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад ва маҳз ин марҳалаи номбурда ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намудааст ва мусоидат менамояд”…
Боз ҳам бо такрор иброз медорем, ки Президенти маҳбуби мамлакатамон — Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш низ бори дигар таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба мавқеи инсон, қадру қиммати он ва баланд бардоштани зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди кишвар ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии онҳо ҷалб гардонида, саҳми инсонҳоро дар пешбурди соҳаҳои мухталифи ҷомеа муҳим ҳисобиданд. Аз ин рӯ, омӯхтан ва баррасии Паём ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аҳамияти бағоят бузург дорад.
Пешвои муаззами миллат, дар Паёми имсолаашон низ барҳақ, баръало чунин зикр намуданд: “Бори дигар ба падару модарон, масъулини таълиму тарбия, намояндагони мақомоти қудратӣ, хосса, судҳои кишвар, роҳбарону масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоям, ки барои аз таълиму мактаб дур намондани фарзандон ҷахду талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ, касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд…, зеро ояндаи Тоҷикистони азизи мо маҳз дар дасти инсонҳои баору номуси кишварамон аст ва ҳеҷ як нафари дигар сарзамини моро ободу шукуфою хуррам наменамояд.
Бинобар ин мо, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, хосса, судҳои кишвар ва тамоми аҳли ҷомеа низ барои тарбияи маънавию сиёсӣ, ҳувияти миллии онҳо ба камол расонидани насли ватандӯсту худшинос бояд азму талоши ниҳоят ҷиддӣ намоем. Ба ҷавонон poҳи дурусти зиндагиро нишон диҳем, дар зиндагӣ пуртоқату пурсабру боирода буданро баҳрашон пайваста ташвиқу талқин намоем.
Қурбониён
Сафаралӣ Алихон,
судяи Суди вилояти Суғди
Ҷумҳурии Тоҷикистон