БОНУВОН-ЗЕБАНДАИ ҲУСНИ ДИЁР!

БОНУВОН — ЗЕБАНДАИ ҲУСНИ ДИЁР!

Дар рӯзномаи Ҳақиқати Суғд аз 08.03.2019, №29 нашр шудааст.

 

Аз солҳои аввали Истиқлолияти миллӣ ва давоми солҳои минбаъда масъалаи беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша зери таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ раванди муайяни беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчӣ бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва идоракунии давлат Ҳукумат то ба имрӯз чандин санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозад. Ҳанӯз моҳи сентябри соли 1998 бо Қарори Ҳукумат «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардида буд.

Ҳуҷҷати дигари тақдирсоз — Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки дар арсаи ҷаҳони дунявӣ баромадани ҷомеаи Тоҷикистонро бори дигар таъкид месозад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» тасдиқ гардид ва даҳҳо санадҳои дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани фаъолияти маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст, замина гузоштанд.

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 дар идораи мақомоти давлатӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.

Имрӯз теъдоди ҳарчӣ бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаро гирифта мешавад.

Шумораи умумии занон дар хизмати давлатӣ имрӯз 3 612 нафарро (23,04  фоиз) ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ 1975 нафар, дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 1637 нафар зан фаъолият доранд.  Бояд зикр намуд, ки дар мақомоти судии вилоят 21 нафар занҳо фаъолият доранд, ки аз онҳо ду нафарашонро раисони Суди шаҳру ноҳия, 4 нафар судяи Суди вилоят, 14 нафар судяи Суди шаҳру навоҳии вилоят ва як судяи Суди ҳарбӣ фаъолият доранд.

Аз пешрафти тафаккури сиёсии занон ва иштироки бевоситаи онҳо дар Ҳокимияти давлатӣ интихоботи парламенти кишвар гувоҳӣ онанд. Натиҷаи лоиҳаҳои татбиқшуда гувоҳӣ медиҳад, ки бонувони тоҷик дар самтҳои эҳёи ҳунарҳои миллӣ таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ, парвариши чорво, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ дорои малака ва таҷрибаи хуби корӣ мебошанд.

     Ховар НАЗАРЗОДА,

    судяи Суди вилояти Суғд