Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

Даҳсолаи байналмилалии амал
“Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”

Ташаббус — тақозои тадбири башардўстӣ

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин баромадҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, ки сарватҳои табиат, аз ҷумла обро сарфакорона истифода бурдан лозим аст. Захираҳои об натанҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр муносибати ҷиддиро ба хотири наслҳои оянда тақозо менамояд.
Маҳз, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви ин созмон қабул гардид, ки бори аввал дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ин масъала аз ҷониби Президенти кишварамон ироа гардида буд: “…таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд — зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кўдак, аз мо саъйу талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”.
Эълон гардидани даҳсолаи байналмилалӣ баёнгари муносибати ҷиддӣ ва пайгиронаи Пешвои миллат ба мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо оби нўшокӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои об дар сатҳи ҷаҳон аст. Бояд зикр кард, ки мушкилии норасоии оби ошомиданӣ одӣ набуда, балки проблемаи асосии замони муосир мебошад.
Соли 2003 аввалин маротиба Президенти Тоҷикистон бобати эълони «Соли байнал- милалии оби тоза» ташаббус нишон доданд, ки то ба имрўз ин масъалаи глобалӣ пай- гирӣ мешавад. Мақсади асосии ин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ барои пайдо намудани роҳи ҳалли масъалаи норасоии оби тозаи нўшокӣ, истифодаи дурусти захираи оби ошомиданӣ барои оянда ба шумор меравад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро пешбинӣ намуданд.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки аз оби софу беғубори кишвари азизамон истифода бурда, барои поку беолоиш нигоҳ доштани он, инунин баҳри босарфа кор фармудани он ҷидду ҷаҳд намоем.

                                                                                                                                              Мафтуна Раҳматиллозода,
судяи Суди вилояти Суғд,
Абдулазиз Абдухолиқзода,
мутахассис — мушовири
Суди вилояти Суғд