ДАР ТАТБИҚИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН НАМУНА БОШЕМ!

Ба ифтихори 33-солагии

Истиқлоли давлатӣ

ДАР ТАТБИҚИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН НАМУНА БОШЕМ!

         Агар ба заминаҳои бунёдии рушди мақомоти судӣ ҳамчун ҳокимияти мустақил назар андозем, пайдост, ки он баъд аз истиқрори сулҳ дар кишвари азизамон ба миён омадааст. Зеро агар татбиқи ислоҳоти судӣ-хуқуқӣ ба сурати умум аз замони қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуда бошад, вале натиҷаҳои чашмраси он чун дигар бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳз дар ҳамин давра рӯи кор омад.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, дар Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон кард. Барои таъмини ин кафолатҳои конститутсионӣ бошад, яке аз шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ-ҳокимияти судӣ вазифадор гардид. Табист, ки ҳокимияти судӣ ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баамалбарорандаи адолати судӣ дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши марказӣ дорад.

Қобили зикр аст, ки таҳқими фаъолияти мақомоти судӣ, хамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, корҳои зиёде дар ин самт анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, дар доираи барномаҳои қабулшудаи ислоҳоти судӣ кодексу қонунҳои соҳавӣ тасвиб ва дар сохтори судҳо ниҳодҳои махсус ташкил гардиданд.

Албатта, бо вуҷуди пешравиҳои назаррас ҳанӯз камбудиҳо низ дар фаъолияти мақомоти судии кишвар аз байн нарафтаанд. Нигаронии Президенти мамлакат зимни ироаи Паёмашон юа Маҷлиси Олӣ оид ба таърихи иҷрои қароршои судӣ мо – кормандони соҳаро вазифадор месозад, ки вобаста ба бартараф намудани ин ва дигар мушкилоти ҷойдошта иқдом кунем.

Дар фазои сулҳу осоиш ва бо истифода аз шароитҳои мусоид талош намоем, ки вобаста ба таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризми байналхалқӣ, экстремизми сиёсию динӣ корҳои судманд анҷом дода шаванд. Ба арзишҳои конститутсионӣ эҳтиром бояд гузошт, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар меҳвари кору фаъолияти худ қарор диҳем ва бо ин роҳ дар таъмини волоияти қонун намунаи ибрат бошем.

Мирзошариф Ҳоҷизода,

раиси суди вилояти Суғд