Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд…

Хушбахтона, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар бо талошу кӯшишҳои пайвастаи сарвари давлат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми зан дар ҷомеа буд. Ҷиҳати ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳоро тавассути мустаҳкам кардани мавқеи зан бо меъёрҳои конститутсинӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ пеш гирифт. Ин барон баланд бардоштани ҳуқуқ ва мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон асос гардид.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда. иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.

Воқеан, боиси хушнудист, ки имрӯз мо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон дорем, ки боиси ифтихору сарфарозианд.

Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набандҳои азимеро тарҳрези мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан — модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд.

Дар ҷомеаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” қабул гаштааст ва хеле хуб амал дорад. Бояд қайд кард, ки маҳз зан модар дар тарбияи ахлоқии фарзанд нақши муҳим мебозад.

Эҳтироми шахсияти модар чун нерӯи офарандаи инсон дар Паём таъкид гардид, ки “Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, балки ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”. Чунин нутқи самимӣ, ҳидоятгар ва саршор аз меҳру муҳаббати Пешвои муаззами миллат ба модарони кишвар, таҷассумкунандаи фарҳанги баланди инсонӣ ва идомаи анъанаҳои неки ниёгони тоҷик дар боби эҳтироми Зан-Модар мебошад.

Тавре, Президента кишвар, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд “Сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқӣ сафо, ношукру носипосонро ба фурӯтаниву шикастанафсӣ роҳнамун месозад”.

Зани боҷасорати тоҷик дар дули таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат дар пахдӯи мардон бар зидди душманон далерона мубориза бурдааст.

Илова бар ин, занон, ки имрӯз як пахдӯи таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварро дар роҳи сохтмонӣ ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ пуштибонӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар пешрафту густариши кишвари хеш саҳми арзанда дошта бошанд.

Бонувони лаёқатманду баланд ихтисоси мо имрӯз дар тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот дар кишвар кору фаъолият дошта барои пешбурди рӯзгори зиндагӣ кӯмак мерасонанд.

Назарзода Нигора,

Судяи суди вилояти Суғд