ИҶЛОСИЯИ НАҶОТБАХШУ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳақиқат тақдирсоз аст, зеро он ҳам пеши роҳи нобудшавии халқу миллатро гирифта, сохторҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро аз нав эҳё кард, ҳам раванди ислоҳоти конститутсиониро оғоз намуда, ба ваҳдати воқеии миллӣ асос гузошт. Инчунин, дар ин иҷлосия Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон чун яке аз рамзҳои асосии давлат тасдиқ шуд.

Дар иҷлосия роҳбарияти нави сиёсии мамлакат дар симои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд. Зимни баромади нахустин Сарвари тозаинтихоби киштар гуфта буд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем, ҳарчӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».

Чунин суханронӣ ва фаъолияти амалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қалби мардум роҳ ёфта, меҳру муҳаббат, боварӣ ва самимияти бошандагони мамлакатро ба ин сарвари ҷавону дурбин бештар намуд. Минбаъд намояндагони халқ ва роҳбарони сохторҳои тозаинтихоб таҳти сарварии ин абармард барномаи мукаммали раҳоӣ аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия сохтанд. Ин иқдоми бузург таҳкурсии эҳёи миллиро фароҳам овард.

Вакилони Иҷлосия ҳамзамон як қатор қонуну қарорҳое қабул карданд, ки онҳо асоси ба даст овардани қувваҳои солими ҷомеа гардиданд. Бояд гуфт, ки қарорҳои Иҷлосия барои пешрафти кишвар дар самти сиёсати хориҷӣ низ аҳамияти хоса доштанд. Иҷлосия роҳҳои ҳамкории судмандро бо мамлакатҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ кушода, ба он мусоидат кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба ҳайси қисмати ҷудонопазири хеш эътироф кунад ва дар раванди пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ, раҳоӣ аз бӯҳрони амиқи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию маънавӣ самаранок ҳамкорӣ намояд.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати Иҷлосияи тақдирсози миллат мартабаю манзалати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз боло меравад. Тоҷикистон узви аксари созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон саҳми сазовор мегузорад. Далели равшани он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани пешниҳоди Сарвари тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли оби тоза эълон намудани соли 2003, Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушду устувор» 2018 — 2028 аст. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли иттиҳоди ҳамгарои минтақавию байналмилалӣ, иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, созмони ҳамкории Шанхай, Паймони амнияти дастаҷамъӣ буда, кӯшиш дорад бо тақвияти ҳамкориҳо ҳар пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳаддалимкон ҳаллу фасл намояд.

Таъмини осудаҳолӣ дар кишвар, пешрафт дар тамоми соҳаҳо, таҳкими истиқлолияту вахдати милли, болоравии обрую эътибори мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба қонуният ва арҷгузори ба қонун ва арзишҳои миллӣ сахт алоқаманд аст. Моро мебояд худшинос ва огаҳ аз таъриху фарҳанги худ бошем. Ба таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза дуруст сарфаҳм равем. Ояндаи Тоҷикистон неку дурахшон аст.

Бадриддин ШАРИФЗОДА,

судяи суди вилояти Суғд