ИҶЛОСИЯИ ВАҲДАТОВАРИ МИЛЛАТ!
Санаи 16 ноябри соли 1992 дар таърихи тоҷикон чун саҳифаи тақдирсоз нақш баст. Дар ин сана анҷумани сулҳофари миллат Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ баргузор гашт. Иҷлосия 16 мардуми тоҷикро муттаҳид кард ва тақдири ояндаи тоҷиконро муайян сохт.
Дар Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ амалҳои гуногун рух доданд, ки онҳоро шартан ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст: амалҳое, ки монеаи рушду нумӯи Истиқлолият буданд ва амалҳое, ки баҳри рушди Истиқлоли кишвар хизмат намудаанд.
Корҳое, ки дар замони Истиқлолият баҳри ҳимоя ва инкишоф карда шудааст, чандон кам нестанд. Бартараф намудани монеаҳои инкишофи мутаносиб, ҳалли зиддиятҳо ва муқовимати оштинопазир аз ҷумлаи инҳоянд.
Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.
Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва тахлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сйёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт.
Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд.
Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”.
Дар Иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.
Дар ҳақиқат, шароите, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Ватани нав ба истиқлол расидаи Тоҷикистон рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси ҳисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик тахдид мекард. Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонат, халқи тоҷикро ва мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор гурезагонро ба Ватан баргардонд.
Бо иродаи Сарвари давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.
Мо мардуми шарафманди кишвар бо шукргузорӣ аз истиқлол сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгири намуда барои рушду нумӯъи кишвар саҳмгузор мебошем.
Нигора НАЗАРИЁН,
судяи суди вилояти Суғд