ИФРОТГАРОӢ МУШКИЛОТИ АСРИ НАВ

Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят месозад. Ободкорию созандагии кишвар ба ҷавонон неруву илҳоми тоза мебахшаду боз ҳам баҳри гулгулшукуфии диёр меҳнати софдилона менамояд. Ба пеш ҳаракат мекунад. Дар чорабиниҳои байналмилалӣ ширкат меварзад. Парчами Тоҷикистон боло мебардорад. Ин фаъолноки ҷавонон кишварамонро ба рушди босуботи амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонид, ки бемуҳобот дар ниҳоди насли ҷавон неруву тавоноӣ ва умеди басо тоза мебахшад.

Мутаасифона, имрӯзҳо кам нестанд хоинони миллат, ки аз кишварҳои бегона истода, кӯшиш мекунанд, ки барои пешрафти шукуфоии Тоҷикистон халале ворид созанд. Мушкилоти экстремизм ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро бо хатари бузурги сайёра табдил додааст ва имрӯз ҳама барои бартараф сохтани ин вабои аср кӯшиш менамояд, Аз ҷумла, Тоҷикистони мо дар ин замима фаъол мебошад. Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистони мо низ ин ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундравиро мушкилоти асри навин мешиносанд ва оид ба ин ҳаракатҳо ҳамеша тавассути ахбори омма мардумро аз рафти ин мушкилот ҳушдор месозад. Аз ин рӯ коршиносон ва донишмандон бар ин назаранд, ки муборизаи ҳар яки мо бар зидди ин гуна равандҳои номатлуб бояд системанок ва доими бо восиати корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ахбори омма сурат гирад.

Онҳо мехоҳанд, ҷавонони ноогоҳи моро гумроҳ намоянду ба вартаи ҳалокат тела диҳад. Бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша ин ҷавонон барои иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ ба хориҷ рафта, дигаронро низ мехоҳанд ба ин роҳи бад раҳнамоӣ намоянд. Чунин кирдорҳои ҷиноятпеша муқобили манфиатҳои милли мо буда, ҳимоя ва ё пешгирии он имрӯзҳо ҳарактери умуми миллӣ пайдо кардааст.

Қобил зикр аст, ки раванди ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб буда, тамоми ҷаҳонро такон дода, натанҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки дар сайёра хатари умумиинсониро ба бор овардааст. Ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки пуштибони аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлату миллат буда, баръакс, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конситутсионӣ ва  Истиқлолияти Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.

Фирдавс ҲУСЕЙНЗОДА,

судяи суди вилояти Суғд