ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ
Дар моддаи 4-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд.
Аз ин лиҳоз, мо, кормандони суд худро масъул ва вазифадор меҳисобем, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро тавассути нашри мавод дар нашрияҳо ва баромад дар радиову телевизион ба роҳ монем.
Чӣ хеле ки огоҳем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон дошта буданд.
Ин иқдоми дурбинонаи Сарвари давлат як таконе буд барои солҳои минбаъд низ ҷиҳати огоҳии масъулони соҳа ва шаҳрвандон, ки барои расидан ба ҳадафи пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар баҳри бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ бояд ҳар як шаҳрванд дониши муайяни ҳуқуқӣ дошта бошад, то ҳуқуқу уҳдадорӣ, вазифа ва масъулияту рисолати хешро дар назди Ватан — Модар дарку эҳсос ва иҷро намояд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеаи шаҳрвандии кишвар якҷоя бояд дар роҳи татбиқи ин иқдом мусоидат намуда, корбариро дар муассисаҳои таълимӣ идома диҳем, то насли фардо барои бо ҷомеа баробар қадам гузоштану пеш рафтан, ба қадри Ватану милдату фазои сулҳу суботу мусоиди кору зиндагии арзанда расидан, бо донишу фаҳмиш ва иродаи устувор роҳи росту некро интихоб намуда, дар ҳама маврид аз нигоҳи ҳуқуқӣ худро дифоъ карда тавонанд. Ба ҳар гуна амалҳои номатлубу ифротгароёна фирефта нагарданд.
Таҷрибаҳо собит менамояд, ки ҷавонони донишу таҷрибаи кофӣ надошта, фирефтаву гумроҳи бадхоҳону ҷинояткорон мегарданду баъдан пушаймон мешаванд, ки суд надорад.
Вазифа ва рисолати аҳли ҷомеаву падару модарон аст, ки баҳри ояндаи дурахшони Ватан ва фарзандону шаҳрвандони кишвар илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ ҷӯянду амал намоянд.
Фирдавс ҲУСЕЙНЗОДА,
судяи Суди вилоят Суғд