ИШҒОЛИ ҒАЙРИҚОНУНӢ БОИСИ БАРГАРДОНИДАНИ ОН ШУД
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат мебошад. Тибқи талаботи моддаи 50 банди «б» Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди худсарона ишғол намудани қитъаи замин барқарор карда мешавад. Мувофиқи моддаи 104-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замини худсарона ишғолкардашуда бе ҷуброни хароҷоте, ки дар муддати ғайриқонунӣ истифодабарӣ сарф шудааст, мувофиқи таъиноташон баргардонида мешаванд. Ба ҳолати барои истифодаи мувофиқ баргардонидани қитъаҳои замин, аз ҷумла, барҳам додани сохтмон аз ҳисоби шахсоне, ки қигьаҳои заминро худсарона ишғол намудаанд, амалӣ карда мешаванд.
Инчунин, қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда бо қарори МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо баргардонида мешаванд. Мисол, бо қарори кумитаи иҷроияи шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Хуҷанд аз 20-уми феврали соли 1990 барои сохтмони мактаби миёнаи №62 аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ба номи Фрунзе ба масоҳати 0,93 гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.
Баъдан бо қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 15-уми марти соли 2012 ба мактаби мазкур бо хуқуқи истифо- даи бемуҳлат қитъаи замин барои истифодабарии мактаб ба масоҳати 0,41 гектар вобаста карда ва аз ҳисоби заминҳои зери майдони Хоҷагии деҳқонии «Б.М.» иловагӣ ба масоҳати 0,11 гектар ҷудо карда шудааст.
Прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вазъи иҷрои қонушузории заминро дар муасиссаҳои маорифи ноҳия мавриди санҷиш қарор дода муайян намудааст, ки дар ҳамсарҳади МТМУ № 62 бинои бошишгоҳи саҳроии №9-и Ҳоҷагии деҳқонии “Б.М.” тибқи шартномаи хариду фурӯши бино аз 16-уми июни соли 2016 аз ҷониби Хоҷагии деҳқонӣ ба шаҳрванд Д.Ф. фурӯхта шудааст.
Масоҳати бошишгоҳи номбурда ҳамагӣ 226,8 мураббаъметрро ташкил диҳад ҳам вале ҳангоми тартиб додани шиносномаи техникии бошишгоҳи саҳрой бе ягон асос қитъаи замини МТМУ №62 дар масоҳати 868,20 м.м. ба бошишгоҳи саҳрой ҳам- роҳ карда шудааст.
Бо маҳсади бартараф намудани қонунвайронкунии мазкур прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров ба МИҲД-и ноҳия амр додааст, ки 868,20 мм. қитъаи замин аз бошишгоҳи саҳроии Д.Ф. гирифта, ба МТМУ №62 баргардонида шуда, девори ғайриқонунӣ сохташуда бартараф карда шавад.
Ҳамин тавр раиси ноҳияи Б.Ғафуров баҳри иҷрои амри прокурорӣ бо қарори худ аз 26- уми майи соли 2023 оиди ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи замин ба масоҳати 868,2 м.м. аз заминҳои бошишгоҳи саҳроии Д.Ф. гирифта, ба МТМУ №62 баргардонида шуда, девори ғайриқонунӣ сохташуда фавран ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Шаҳрванд Д.Ф. ба суди ноҳияи Б.Ғафуров нисбат ба МИҲД-и ноҳия, Кумитаи идораи замин ва КДФ «БММҒ» дар ноҳия бо аризаи даъвогӣ оиди беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров оид ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи замин муроҷиат намудааст.
Аризаи даъвогӣ моҳиятан аз ҷониби суд мавриди баррасии пурра, ҳаматарафа ва холисона қарор гирифта, холатҳои кор ба пуррагӣ муайян карда шуда, тибқи қонунҳои амалкунандаи моддиву мурофиавӣ бо ҳалномаи суди ноҳияи Б.Ғафуров аз 10-уми октябри соли 2023 даъво бинобар беасос буданаш рад карда шудаасг.
Бо ҳалномаи мазкур Д.Ф. розӣ нашуда, аз болои он ба суди вилояти Суғд шикояти кассатсионӣ пешниҳод намудааст.
Аз ҷониби коллегияи судӣ санаи 8-уми феврали соли 2024 шикояти кассатсионӣ якҷоя бо маводҳои парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ваҷҳҳои шикояти кассатсионӣ вобаста ба ҳолатҳои воқеии кор ба пуррагӣ муайян карда шуда, ҳалномаи суди марҳилаи якум бетағйир ва шикояти кассатсионӣ беқаноат гузошта шудааст.
Азбаски солҳои охир баҳсҳо вобаста ба замин ва ҷиноятҳои ғайриқонунӣ додани қитъа замин зиёд шудааст, суди вилояти Суғд мақомотҳои дахлдори вобаста ба назорат ва истифодаи дурусти замин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандонро ҳушдор менамояд, ки ҳангоми вобаста кардани қитъаи замин, масоҳатҳои замини вобасташуда, заминҳои ҳамсарҳад ва розигии соҳибони заминҳои ҳамсарҳадро гиранд ва ба содир кардани ҷинояту сарсон кардани шаҳрвандон роҳ надиҳанд.
Тоҷиддин ҲАФИЗЗОДА,
муовини якуми раиси
Суди вилояти Суғд,
Самандар СОДИҚЗОДА,
мутахассис-мушовири
Суди вилояти Суғд