ҲИССАГУЗОР БОШЕМ
Дар Паёми Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид, дар баробари масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа Пешвои миллат ба масъалаи таъмини амният ва суботи ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.
Имрӯз дар ҷаҳон таъмин суботу амният масъалаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Яке аз масъалаҳое, ки сулҳу амниятро дар ҷаҳон халалдор ин терроризм ва экстремизм мебошад, ки ин зуҳуроти номатлуб буда, бар зарари ҷомеа амал мекунад.
Шахсоне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомиланд, барои ба ҳадаф расидан аз ҳеҷ гуна тарсафканию зӯроварвӣ, ваҳшатангезӣ дар вуҷуди инсонҳо худдорӣ намекунад. Мақсади онҳо ноором сохтани вазъи сиёсӣ, тухми кинаву адоват коштан дар қалби одамон, паст намудани мавқеъ ва эътибори давлат дар арсаи байналхалқӣ ва ба вуҷуд овардани бесарусомониҳо мебошад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки намояндагони гурӯҳҳои террористӣ баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои худ асосан ҷавононро интихоб мекунад. Онҳо дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқотро ба роҳ монда, онҳое, интихоб мекунад, ки дониши комил надошта, фирефтаи суханони бардурӯғи ин гурӯҳ мегарданд.
Терроризм ва ифротгароӣ бештар авҷ гирифта, оқибатҳои даҳшатвор ба бор оварда истодааст.
Бинобар ин мо ҷавононро бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, иштирок дар ҳар гуна мусобиқаҳои варзишӣ ва маҳфилҳо, дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят намоем, то ки онҳо аз ин амалу кирдорҳои номатлуб дар канор бошанд.
Ифротгароӣ ва терроризм — зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Моро зарур аст, ки ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем, ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ таъкид намуд, ки мо бояд ба масъалаи таъмини амният таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа диҳем. Бояд дар татбиқу амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём бармеояд, ҳиссагузор бошем.
Бахтиёр БОБОҶОНЗОДА,
судяи суди вилояти Суғд