ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ

Дар давраи нави таърихи тоҷикон ҳодисаи волотарин ва беҳтарин Истиқлолият мебошад. 9-уми сентябри соли 1991 иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои Олӣ Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Аз ин воқеа роҳу равиши давлат ва тақдири халқи тоҷик дигар шуд.

Танҳо дар давоми як соли мустақилӣ Тоҷикистон аз ҷониби 58 мамлакати олам шинохта шуда, ҷумҳурӣ бо ҳамин қадар кишвари дунё алоқаи дипломатӣ барқарор кард.

Бори аввал дар таърих истиқлолият чун ганҷи маънавии миллӣ насиби тоҷикон шуд. Қудратталабон ва рӯҳониёне, ки солҳои зиёд андешаи ба даст овардани ҳокимиятро дар дил доштанд, якбора ба муборизаи ошкоро бархостанд. Ҳисси носолимии маҳалгароӣ, тухми кинаву адоватро байни мардум пошид ва ба парокандагии миллат сабаб гардид. Рушди инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ боздошта шуданд. Сатҳи зиндагии халқи тоҷик поён рафт, ахлоқи ҷомеа тағйир ёфта, умеду орзуҳои мардум нимкора монд. Дар давоми ҷангҳои дохилӣ мо сарватҳои ҷонӣ ва иқтисодиро аз даст дода бошем ҳам, мамлакатро бо қувваҳои худӣ ва мадади ёру дӯстон аз байни оташ, вартаи ҳалокат, касодии рӯзгор баровардем.

Хидматҳои фарзандони фарзонаи миллат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳ­мон дар азнавсозии давлати бузургу боқудрати тоҷикон басе ҳам арзанда аст, ки тамоми халқи тоҷикро ба сӯи нур ва рӯшноӣ даъват кард. Эмомалӣ Раҳмон сардори давлат шуданду Ваҳдати тоҷикон ба амал омад. Маҳз бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Бинобар ин, Тоҷикистони тозаистиқлол ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро муқаддас шумурда, соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуда, баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакатамонро қабул намуд, ки боби 2-и он ба «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» бахшида шудааст, аз 34 модда иборат мебошад. Инчунин, дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳукуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Дар мавриди он ки Истиқлолият ба мо чӣ дод, метавон қайд кард, ки Истиқлолият пеш аз ҳама ба мо номи бузурги миллати тоҷикро дод. Гузашта аз ин бо талошу кӯшишҳои Президенти мамлакат номи бузургону нобиғагони миллат амсоли шоҳ Исмоили Сомонӣ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Ҷомиву Камоли Хуҷандӣ, Мавлои Рум ва даҳҳои дигарро аз нав зинда кардем. Бо такя ба далелҳои таърихӣ исбот намудем, ки мо миллати тамаддунофар, фарҳансолор ҳастем ва замоне ин миллат макони парвардаҳои беҳтарин олимони давр буд ва ин анъана то имрӯз боқӣ мондааст. Бузургии ин миллат боз дар он зуҳур меёбад, ки такя ба хирад намуд ва ҷанги бемаъниро хотима бахшид. Бори дигар ба оламиён исбот намуд, ки ин миллат миллати фарҳангкуш нест, балки созандагиву ободкорӣ пешаи асосиаш аст.

Неъмати бебаҳои таърихӣ будани Истиқлолиятро Сарвари давлат чунин қайд мекунанд: «Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои нав таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ ҳастӣ намуда, бо вуҷуди баъзе беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташаккул ёфт, сабзид ва ба камол расид».

Итминони комил дорем, ки бо гузашти солҳо қадру манзалати истиқлол боз ҳам боло рафта насли огоҳи миллат барои шукуфоии минбаъдаи кишвари офтобрӯямон хизмат хоҳанд кард.

                                                    Ашурзода Нурулло Абдувосит,

                                                                  Судяи суди вилояти Суғд