КАФИЛИ ЯГОНАГИИ МИЛЛӢ

 

КАФИЛИ ЯГОНАГИИ МИЛЛӢ

        Истиқлолият яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихиест, ки ба мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст намомадааст. 29 сол муқаддам 9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсози миллати тоҷик ба вуҷуд омад, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ин рӯ, санаи 9-уми сентябрро расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карданд.

Истиқлолият барои мардуми тоҷик як ҳуҷҷати сарнавиштсоз буда, ба мо шароити воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллати хеш ва пешрафти минбаъдаи кишварро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян созем.

Дар солҳои Истиқлолият барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон, ки забони шевою шоирона ва ширину шаҳдбори тоҷикӣ мебошад, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё сохтем.

Забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисӣ омили муҳими ворид шудани ҳар як фард ба фазои тамаддуни муосир маҳсуб меёбанд.

Забондонӣ имконияти бевосита сару кор доштани шаҳрвандонро бо техникаю технологияи нав васеъ гардонида, дастраси маводи иттилоотии техникаро, ки аксаран бо ин забонҳо таълиф мешаванд, осон месозад. Имрӯз Тоҷикистон тавонист, Истиқлолияти худро таҳким бахшад ва ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ гашта, ба дастовардҳои назаррас дар ҷодаи эҳё ва рушди давлатдории миллӣ ноил шуд, ки инро нодида гирифтан номумкин аст.

Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи сулҳофарӣ ва сулҳу ваҳдати пойдор мебошад.

 

                                     Боҳир ЗОИРЗОДА,

судяи Суди вилояти Суғд