КОМЁБИҲОИ ВОЛОИ КИШВАР
Истиқлолият яке аз дастоварди муҳими кишваар ба шумор рафта, халқи тоҷик тавонист, дар ин муддати начандон тӯлонӣ ба комёбиҳои зиёде ноил гардад.
Ба гузаштаи дур назар намеафканем. Фақат таърихи се даҳ солаи мардуми тоҷик моро водор месозад, ки ба меҳнатдӯстиву мушкилнописандӣ, ватандӯстиву меҳнатпарастии ин халқи тоҷдор боз як бори дигар аҳсан гӯем. Зеро дар ин муддат миллати мо шебу фарози таърихро аз сар гузаронида, аз озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳангии асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.
Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳ солаҳои охир пешрафти босуръати илму техникиа ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ва ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънави гардидааст.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардани нуру зиё, меҳру вафо, одобию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ бо заҳмати ватандӯстона ба оламиён худро ҳамчун халқи сулҳпарвару озодихоҳ ва созандаву бунёдкор муаррифӣ карда тавонист.
Баробари ба ҷо овардани шукронаи ин пешравиҳо, соҳибватанӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи виҷдонии ҳар яки мост, ки тамоми кӯшишамонро ба хотири сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат, ободии фардои кишвар, осоиши зиндагии халқ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат сафарбар намоем.
Боварии комил дорем, ки таҷлили шукӯҳманди ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми соҳибмаърифату захматкаши кишварамон неруи тоза бахшида, дар самти таҳкими дастовардҳои он, сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар, боз ҳам беҳтар шудани рӯзгори халқи азизамон нақши муосир мегузорад.
Аз ин рӯ, давлати миллиро зарур аст, ки аз тамоми нерую имкониятҳои хеш баҳри баланд бардоштани маърифатнокӣ, шуурнокии мардуми кишвар, баланд намудани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвият бахшидан ба ваҳдату якдилии халқи сарзамини хеш, беҳ намудани маҷрои зиндагии ҷомеа, рушду беҳдошти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва кулли бошандагони он истифода бубарад.
Ҳайитгул АҲМАДОВА
Котиби маҷлиси судии
Суди вилояти Суғд