МАҶЛИСИ КОРӢ

Имрӯз, 11 марти соли 2025 дар толори Суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Раиси суд

Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода рӯзномаи онро эълон намуда, ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди вилоят таъкид кард, ки интизоми меҳнатиро қатъиян риоя намоянд ва шахсони масъулро вазифадор кард, ки сабабҳои ҳозир нашудани судяҳо ва кормандони дастгоҳро муайян карда, сари вақт чораҷӯӣ намояд.

Дар маҷлисӣ мазкур, аз ҷониби Раиси суд як қатор масъалаҳо ва роҳҳои бартараф намудани онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аз ҷумла чораҳои мушаххас бобати тарғибу ташвиқ ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳанги баргузор намудани ҷашнҳои 28 солагии рўзи Ваҳд ати миллӣ ва 34 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зарур мебошад, пешбини шудааст.

Раиси суд илова кард, ки дар суди марҳилаи кассатсиони ҳолатҳои ҷой доранд, ки парвандаҳо барои барасмиятдарори ба суди марҳилаи якум боз пас баргардонида мешаванд. Аз ҷумла, Раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят беаҳамияти зоҳир намуда, парвандаҳоро дуруст барасмият надароварда, ба суди марҳилаи кассатсионӣ ирсол менамоянд. Масалан, аз руи шикояти кассатсионии пешаки ба суд парвандаҳои судӣ барои барраси ирсол мегардад, ки қонунигузории мурофиавии ҷиноятӣ, маданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чунин намуди шикоятро пешбини накардааст. Раисони суд бояд ба ин масъала аҳамияти ҷидди дода, бо шикоятҳои пешакии кассатсионӣ парвандаҳои судиро ба суди марҳилаи кассатсиони ирсол накунанд, ки боиси баргардонидан барои барасмиятдарорӣ мебошад.

Инчунин Раиси суд баромад карда қайд намуд, ки  муқовимат бо коррупсия яке аз роҳҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ мебошад. Дар ин самт ҳар як судя ва корманди дастгоҳи судро зарур аст, ки Стратегияи давлатиро вобаста ба муқовимат бо коррупсия иҷро намуда, барои пешгирии ин омили номатлуб ҳамаи чораҳоро андешанд. Аз ҷумла, худ ба омилҳои коррупсиони даст назада, судяҳо котибони маҷлиси судиро таҳти назорати қатъӣ гиранд.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба шахсони масъул супурда шуд.