МАҶЛИСИ КОРӢ
Санаи 01 сентябри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, қайд кард, ки аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, ҳар моҳ дар толори маҷлисгоҳи суди вилоят машғулиятҳои семинарӣ бо судяҳои суди вилоят, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, суди иқтисодии вилоят гузаронида мешавад.
Аз рӯи ин масъала Раиси суд баромад карда, иброз намуд, ки дар нақшаи тасдиқшуда омадааст, ки раисони коллегияҳо, судяҳои суди вилояти Суғд вобаста ба ҳар як мавзӯъ баъди баромади судяҳо бояд хулоса диҳанд.
Машғулияти навбатии семинарӣ дар санаи 29.08.2025 сол нишон дод, ки судяҳои судҳои шаҳри Исфара судя Низомӣ Ш.А., шаҳри Панҷакент судя Эсозода 3., ноҳияи Ашт судя Анварзода А.А., шаҳри Конибодом судя Саторзода Ш.Х,., баромад карда, аммо мавзӯъи ба онҳо вобаста шударо таҳлил карда натавонистанд ва баромади онҳо ба талабот ҷавобгӯй набуда аз таҷриба ва амалияи судӣ кам истифода бурданд. Дар навбати худ судяҳои суди вилоят Хусейнзода Ф.Л., Аҳмадзода Ф., Ғаффорзода А., Искандарзода Ш. вобаста ба ин мавзӯъҳо хулоса дода, аммо хулосаи онҳо низ ба талабот ҷавобгӯй набуд ва ба машғулияти семинарӣ бе омодагӣ ҳозир шудаанд.
Ҳол он, ки дар ин машғулияти семинарӣ муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода А.С. иштирок дошт ва қаноатмандӣ изҳор накард.
Раиси суд таъкид кард, ки пеш аз ҳар як машғулияти семинарӣ, раисони коллегияҳо ва судяҳои вобасташуда,
ба мавзӯъи семинарӣ пурра омодагӣ гирифта, меъёрҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва мурофиавиро омӯхта, барои додани хулоса пурра тайёр шуда, ҳангоми додани хулоса ба ҳар як мавзӯъ, судяҳои вобасташуда бояд бурро ва дақиқ суханронӣ намуда, мавзӯи кушоданашударо ба таври пурра таҳлил намоянд ва бо худ кодексҳо ва қонунҳои амалкунандаро дошта, дар сурати пайдо шудани мушкилӣ аз онҳо истифода баранд.
Илова бар ин, Раиси суди вилоят ёдрас намуд, ки дар машғулияти семинарии гузашта, сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ низ пурра ошкор карда нашуда буд. Бинобар ин дар оянда ба чунин камбудиҳо дучор нашудан, раисони коллегияҳо ва судяҳои суди вилоят зимни баромад вобаста ба сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ пурра омодагӣ гирифта, сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судиро дақиқ таҳлил карда, ба самъи ҳозирин расонанд.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба шахсони масъул супурда шуд.
Суди вилояти Суғд 