МАҶЛИСИ КОРӢ

Санаи 13 октябри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, қайд намуд, ки қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе дар судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дуруст ба роҳ монда нашудааст.

Инчунин Раиси суд қайд намуд, ки санаи 11 октябри соли 2025 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар намудааст,  ки дар судҳои шаҳри Исфара ва Конибодом тартиби қабули шаҳрвандон ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Аз ин лиҳоз, шахсони масъулро вазифадор намуд, ки оиди масъалаи мазкур назоратро дуруст ба роҳ монанд.

Илова бар ин Раиси суд қайд кард, ки аз рӯи нақшаи Суди вилоят, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе судяҳо бо навбат вохурию суҳбатҳо дар донишгоҳу донишкадаҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо мегузаронанд ва хотиррасон намуд, ки сифати чунин вохурию суҳбатҳо баланд бардошта шуда, баромадкунандагон бо омодагии пурра ҳозир шаванд.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.