МАҶЛИСИ КОРӢ
Имрӯз, 18 марти соли 2025 дар толори Суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода рӯзномаи онро эълон намуда, аз ҷониби Раиси суд як қатор супоришҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда эълон карда роҳҳои ҳаллӣ онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Аз ҷумла Раиси суд супориши хаттӣ ва Фармоиши Раиси Суди Олиро хонда эълон кард, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардида, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияи рақамӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонидан лозим аст. Аз ҷумла ҷадвали басти мансабии кормандон тартиб дода шуда, руйхати иқтидори техникии суд низ таҳия дода шавад.
Инчунин Раиси суд супориши дигари хаттиро хонда эълон намуд, ки бо мақсади тезонидани рақамикунонӣ ва ба роҳ мондани низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, муросилоти мактубҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо байни судҳои ҷумҳурӣ ба воситаи почтаи электронии расмии суд дар шакли электронӣ роҳандози карда шавад. Яъне ҳуҷҷатҳои ҳомилӣ қоғази ба шакли электронӣ гузаронида шуда, муросилоти онҳо байни судҳои ҷумҳурӣ ба воситаи низоми электронии суд аз тарафи шахсони масъули кор бо сомонаи суд корбарӣ карда шаванд ва минбаъд гардиши ҳуҷҷатҳо байни суди вилояти Суғд, Суди Олӣ ва дигар судҳои ҷумҳурӣ тавассути почтаи электронӣ сурат гирад.
Дар маҷлиси мазкур Раиси суд дар баромади худ масалаи дигар, оиди тартибу муҳлати баррасии шикоят ё эътирозҳои кассатсионӣ, назоратӣ дар кодексҳои мурофиавии маданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбини шудааст, қайд намуданд, ки муовинон, судяҳои суди вилоятро зарур аст, ки тартибу муҳлати баррасии шикоят, эътирози кассатсионӣ, назоратиро қатъиян риоя намуда, ба кашолкорӣ роҳ надиҳанд, дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо чораҳои қонунӣ андешида мешавад. Ҳамзамон нусхаи санади судӣ дар муҳлати муқарраршуда, ба тарафҳо, шахсони иштирокчии парванда дастрас карда шавад.
Чунончӣ Раиси суд сардори шӯъбаи ташкили таъмини кори судҳои суди вилояти Суғд Шоҳзода И.Н.-ро огоҳ кард, ки дар семинари навбатӣ бояд ҳамаи судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳо аз навбатдорӣ озод гардида, дар семинар иштирок намуда, ҳангоми бемор будан ҳуҷҷати тасдиққунанда пешниҳод намоянд.
Дар навбати худ муовини якуми раиси суд Ҳафиззода Т.М. Ифтихорномаи собиқ раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои фаъолияти пурмасъулу назаррас ва саҳми арзанда баҳри таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати иҷтимоӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардори шӯъба Маъруфзода М.Ҳ. сарфароз гардонида шудааст, тақдим намуд ва Раиси суд низ Маъруфзода М.Ҳ.- ро табрик намуда, ба ҳозирин иброз намуд, ки фаъолиятро пурсамар намуда, теъдоди чунин кормандон зиёд гардида то ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шаванд.
Раиси суд ҳамчунин ба тамоми кормандон таъкид кард, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, беҳудагардӣ накарда, ба мутолиа ва омузиши қонунҳо машғул шаванд, зеро аз бекорӣ омилҳои коррупсионӣ ба амал мебиёянд.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба шахсони масъул супурда шуд.