МАҶЛИСИ КОРӢ
Имрӯз, 02 апрели соли 2025 дар толори Суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур роҳбарияти суди вилояти, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода рӯзномаи онро эълон намуда, аз ҷониби Раиси суд дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонда эълон карда, қайд намуд, ки дар фаъоляти суд ба роҳбарӣ гирифта шуда қатъиян ба иҷро расонида шавад.
Раиси суди вилоят супориши хаттӣ ва нусха аз протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи харидори намудани маҳсулотҳои истеҳсол намудаи муассисаҳои ислоҳи системаи иҷрои ҷазо ҷиноятӣ” хонла эълон карда қайд намуд, ки маҳсулотҳои барои суди вилоят зарурии истеҳсол намудаи муассисаҳои ислоҳии системаи ҷазои ҷиноятии дар ҳудуди вилоят ҷойгир бударо харидорӣ намудан лозим аст
Инчунин супориши дигари Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон оиди иҷрои нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирӣ аз хароҷотҳои дуюмдараҷа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷети” хонда эълон карда, қайд намуд, ки барои хараҷотхои дуюмдараҷаро дар суди вилоят қатъиян пешгирӣ намудан зарур аст.
Раиси суди вилоят дар баромади худ қайд намуд, ки доир ба масъалаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм аз ҷумла, тадриси ғайрирасмии динӣ, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз мебошад суханронӣ намуда, барои пешгирӣ намудани ин ҳолатҳо гузаронидани вохурию суҳбатҳо бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ, гузаронидани мулоқотҳо, семинару тренингҳо аз манфият холӣ набуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мунтазам дар мактабҳои Олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вохурию мулоқотҳо гузаронида шуда, доир ба масъалаҳои мазкур ташвиқу тарғибот пурзӯр карда шавад, илова кард, ки Роҳбарият ва судяҳои суди вилоят корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, ҷавонону наврасон ҷиҳати пешгирӣ намудани тадриси ғайрирасмии динӣ ҷоннок намуда, дар якҷояги бо Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомотхои ҳифзи ҳуқуқ корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт бештар гузаронанд. Дар ин робита маҷлисҳои сайёри судӣ вобаста ба ин масъалаҳо бештар карда шуда, барои пешгирӣ намудани ин ҳолатҳо мусоидат намоянд.
Раиси суд илова кард, ки назоратӣ судӣ аз болои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Роҳбарият ва сарпарастон мунтазам ба рох монда шуда, шикояту эътирозҳои кассатсионию назоратӣ пурра мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои беасос бетагйир монондани санадхои судӣ чораҳои қонунӣ андешида шуда, назорат карда шавад, ки судхои поёнӣ дархостҳои суди болоӣ ва прокурорҳоро дар доираи талаботи конун баррасӣ намуда, парвандаҳои судиро саривақт ирсол намоянд.
Илова бар ин, раиси суди вилоят хотир расон намуд, ки низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, пайваста инъикос намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар сомонаи суд фаъолона ба роҳ монда шавад.
Дар маҷмуъ ҷиҳати иҷроиши нақша-чорабиниҳо ҳамаи тадбирҳои қонунӣ аз ҷониби Роҳбарият, судяҳои суди вилоят, Раисони судҳои шаҳру ноҳияҳо муовинони Раис ва судяҳо андешида шаванд.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба шахсони масъул супурда шуд.