МАҶЛИСИ КОРӢ
Имрӯз, 20 майи соли 2025 дар толори Суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода рӯзномаи онро эълон намуда, аз ҷониби Раиси суд супоришҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонда эълон карда, қайд намуд, ки супоришҳои мазкур қатъиян ба иҷро расонида шавад.
Раиси суд супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои насб кардани камераҳои мушоҳидавиро хонда эълон карда, қайд намуд, ки дар бинои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуда ба замми ин лозим аст, ки камераҳои мушоҳидавӣ мунтазам фаъолу коршоям бошанд ва дар ин самт назорати қатъии оид ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба ошкор шудани ҳолатҳои насб накардани камераҳои мушоҳидавӣ бояд саривақт баррасӣ гардида, назорати қатъӣ бурда шавад.
Инчунин Раиси суд супориши дигари хаттии Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда эълон карда, қайд намуд, ки ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки неруи барқро сарфакорона истифода баранд, аз ҷумла дар суди вилоят аз роҳбарият cap карда то корманди техники қувваи барқро сарфакорона истифода бурда, талафёбии беҳудаи қувваи барқро пешгири намоянд. Дар ин робита таҷҳизотҳо ва фурузонакҳои каммасраф истифода бурда шавад.
Илова бар ин, Раиси суд хотиррасон намуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар корхонаву муассиса ва ташкилотҳои дигар, инчунин дар байни аҳолӣ доир ба риояи қатъии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодаи дурусту самараноки неруи барқ ба роҳ монда шавад.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба шахсони масъул супурда шуд.